https://sputnik.tj/20221013/rahmon-shaboz-sharifro-ba-tojikiston-davat-kard-1052099424.html
Раҳмон Шаҳбоз Шарифро ба Тоҷикистон даъват кард
Раҳмон Шаҳбоз Шарифро ба Тоҷикистон даъват кард
Sputnik Тоҷикистон
Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Покистон таъсиси Шӯрои муштараки ширкатҳои боркашонии ду кишварро зарур шумурдаанд, ки ба манофеи иқтисодии ҷонибҳо хоҳад буд 13.10.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-10-13T13:28+0500
2022-10-13T13:28+0500
2022-10-13T13:33+0500
эмомалӣ раҳмон
покистон
сиёсат
иқтисод
озода раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/0f/1051434867_0:0:799:449_1920x0_80_0_0_dc8687fbe8a5b819185d2d0fc1debfbc.jpg
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон бо сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардаанд.Ба иттилои дафтари матбуоти роҳбари давлат, дидори ҷонибҳо дар ҳошияи нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар Остона доир гашт.Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба рушду густариши минбаъдаи равобити ҳамаҷонибаи судманд, боз ҳам устувор ва амиқ гардонидани пайвандҳои иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиётӣ, вусъат бахшидани лоиҳаҳои энергетикӣ изҳори назар кардаанд.Ҳамчунон қавӣ сохтани ҳамкориҳои сиёсиву амниятӣ ва низомию техникӣ аз мавзуои калидии дидори ҷонибҳо будааст.Ҷонибҳо ҳамзамон хостори ҷоннок кардани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмиву техникӣ, гурӯҳҳои кории муштарак оид ба нафту газ, энергетика, Шӯрои муштараки соҳибкорон, Форуми соҳибкории Тоҷикистону Покистон шудаанд.Рашмон ва Шариф инчунин таъсиси Шӯрои муштараки ширкатҳои боркашонии ду кишварро зарур шумурдаанд.Дар доираи ҳамкории амниятӣ масъалаҳои муқовимати самаранок бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзиро муҳокима кардаанд.Президенти инчунин аз сарвазири Покистон даъват кардааст, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.
https://sputnik.tj/20220729/vaziron-tojikiston-pokiston-mintaqa-1050339803.html
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/0f/1051434867_0:0:709:532_1920x0_80_0_0_2b0ea94190fdee3128a29c535c6ae56c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, покистон, сиёсат , иқтисод, озода раҳмон
эмомалӣ раҳмон, покистон, сиёсат , иқтисод, озода раҳмон
Раҳмон Шаҳбоз Шарифро ба Тоҷикистон даъват кард
13:28 13.10.2022 (Навсозишуда: 13:33 13.10.2022) Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Покистон таъсиси Шӯрои муштараки ширкатҳои боркашонии ду кишварро зарур шумурдаанд, ки ба манофеи иқтисодии ҷонибҳо хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон бо сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти роҳбари давлат, дидори ҷонибҳо дар ҳошияи нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар Остона доир гашт.
Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба рушду густариши минбаъдаи равобити ҳамаҷонибаи судманд, боз ҳам устувор ва амиқ гардонидани пайвандҳои иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиётӣ, вусъат бахшидани лоиҳаҳои энергетикӣ изҳори назар кардаанд.
Ҳамчунон қавӣ сохтани ҳамкориҳои сиёсиву амниятӣ ва низомию техникӣ аз мавзуои калидии дидори ҷонибҳо будааст.
Ҷонибҳо ҳамзамон хостори ҷоннок кардани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмиву техникӣ, гурӯҳҳои кории муштарак оид ба нафту газ, энергетика, Шӯрои муштараки соҳибкорон, Форуми соҳибкории Тоҷикистону Покистон шудаанд.
Рашмон ва Шариф инчунин таъсиси Шӯрои муштараки ширкатҳои боркашонии ду кишварро зарур шумурдаанд.
Дар доираи ҳамкории амниятӣ масъалаҳои муқовимати самаранок бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзиро муҳокима кардаанд.
Президенти инчунин аз сарвазири Покистон даъват кардааст, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.