Путин гуфт, даврони ҷаҳони такқутбӣ гузашт

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин
Президент РФ В. Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2022
Обуна шудан
Президенти Русия мегӯяд, давраи якқутбӣ дар ҷаҳон гузаштааст, тағйирот дар геополитика бо роҳи дигар меравад ва натиҷаи он чандқутбӣ хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт, танҳо тавассути таҳкими низоми ҷаҳони бисёрқутбаи муосир, коҳиши таниш дар ҷаҳон ва рафъи таҳдиду хатарҳо дар арсаи низомиву сиёсӣ имконпазир аст.
Ӯ ин нуктаро зимни суханронӣ дар ҳузури ширкаткунандагони Ҳамоиши X Маскав оид ба амнияти байналхалқӣ изҳор дошт.
"Мусаллам аст, ки барои паст кардани шиддат дар ҷаҳон, рафъи таҳдиду хатарҳо дар соҳаи ҳарбию сиёсӣ, баланд бардоштани сатҳи эътимод байни кишварҳо ва таъмини рушди устувори онҳо тандо бо роҳи мустаҳкам намудани низоми дунёи чандқутбии муосир имконпазир аст. Бори дигар такрор мекунам: даврони низоми ҷаҳонии якқутбӣ ба гузашта меравад”, - гуфт Путин.
Президент РФ В. Путин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2022
Путин: ИМА худро фиристодаи Худо медонад
Ӯ гуфт, ки Русия амалиёти вижаи низомиро дар Украина комилан мувофиқи Оинномаи СММ оғоз кардааст.
"Мо тасмим гирифтем, ки дар Украина амалиёти вижаи низомиро комилан мувофиқи оинномаи СММ гузаронем. Ҳадафҳои ин амалиёт дақиқ муайян шудаанд - ин таъмини амнияти Русия ва шаҳрвандони мо, ҳифзи сокинон Донбасс аз генотсид аст", - афзуд президенти Русия.
Ёдорва мешавем қаблан низ, кишвардори Русия Влаимир Путин зимни ҳамоиши байналмилалии Санкт-Петербург гуфта буд, ки ИМА дар пайи пирӯзӣ дар ҷанги сард худро фиристодаи Худо эълон карду манфиатҳояшро муқаддас медонад.
Путин афзуд, тайи даҳсолаҳои ахир давлатҳои дар ҳоли рушди сареъ зуҳур карданд ва манофеи онҳо набояд сарфи назар шавад.
"Чун пештара вазъ дигар нахоҳад буд, марҳилаи ҷаҳони якқутбӣ поён ёфт", - таъкид намуд раисҷумҳури Русия.
Ӯ ҳамчунин Ғарбро ба халалдор кардани арзишҳои байналмилалӣ муттаҳам карда буд.
Лентаи хабарҳо
0