https://sputnik.tj/20221012/konfronsi-guftuguho-amniyatii-hirot-1052081511.html
Нишасти амниятии Ҳирот ба Душанбе кӯчид: Шарҳи сафири Афғонистон
Нишасти амниятии Ҳирот ба Душанбе кӯчид: Шарҳи сафири Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Ба далели ин ки Афғонистон таҳти султаи толибҳо қарор дорад, конфронси "Гуфтугӯи амниятии Ҳирот" барои бори аввал берун аз ин кишвар сурат мегирад
2022-10-12T16:30+0500
2022-10-12T16:30+0500
2022-10-12T16:30+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
сафир
нишаст
конфронс
душанбе
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102908/50/1029085043_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_c21c2951918c29c2214d1d3f463582a2.jpg
ДУШАНБЕ, 12 окт – Sputnik. Нишаст дар масоили амниятӣ, ки дар давоми 9 соли қаблӣ дар шаҳри Ҳироти Афғонистон баргузор мешуд, бори аввал аст, ки дар шаҳри Душанбе сурат мегирад. Сафири Афғонистон дар Душанбе Муҳаммад Зоҳир Ағбар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин нишаст таҳти унвони “Низоми сиёсии ҳамашумул: улгуҳо ва нақшаи роҳ” қарор аст бо ибтикори Институти мутолиоти стратегии Афғонистон дар таърихи 29 ба 30 ноябри соли равон дар Душанбе баргузор шавад. "Ба далели ин ки Афғонистон таҳти султаи толибҳо қарор дорад ва ин гурӯҳ эътиқоде ба нишасту музокирот, дар умум ҳалли мусолиматомез ва аз роҳи гуфтушуниди буҳрони кишварро надорад, нишасти мазкур бори аввал дар шаҳри бостонии Ҳирот баргузор намешавад", - гуфт ӯ. Силсилаи конфронсҳои “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” бори аввал соли 2014 дар шаҳри Ҳирот, маркази вилояти ҳамноми Афғонистон бо ҳадафи эҷоди фазое барои гуфтугӯ дар ростои эҷоди дарки беҳтар аз далоили аслии мунозиъаи 50-солаи Афғонистон ба роҳ андохта шуда буд. Мубтакири ин чорабинӣ, Институти мутолиоти стратегии Афғонистон, эълом дошта буд, ки тайи радду бадали афкори мухталиф талош талош мешавад то иҷмоъи фикрии байни донишмандон, сиёсатгузорони Афғонистон, минтақа ва фароминтақа ба вуҷуд оварда шавад. Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт, бар мабнои рӯйкарди солҳои пеш, имсол низ коршиносон ва намояндагони тамоми гурӯҳҳо ва кишварҳои даргиру алоқаманд дар мунозиъаи Афғонистон ба конфронс даъват хоҳанд шуд. “Дар ташкили ин маҳфил сафорати Афғонистон ва Академияи улуми Тоҷикистон низ саҳм хоҳанд гирифт”, - гуфт сафир. Конфронси “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” яке аз даҳҳо конфронсҳои сатҳи милливу минтақа ва ҷаҳон аст, ки дар робита бо буҳрони нимасраи Афғонистон гирифта мешавад, аммо ҳеҷ нест, ки ин кишвар ба як сулҳи пойдор бирасад.
https://sputnik.tj/20221003/peshnihodi-hikmatiyor-tashkili-davlati-intiqol-afghoniston-1051832375.html
афғонистон
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102908/50/1029085043_169:0:2900:2048_1920x0_80_0_0_58af5e1ea045dd02324e089798989942.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нишаст, амниятӣ, ҳирот, душанбе, кӯчид
нишаст, амниятӣ, ҳирот, душанбе, кӯчид
Нишасти амниятии Ҳирот ба Душанбе кӯчид: Шарҳи сафири Афғонистон
Ба далели ин ки Афғонистон таҳти султаи толибҳо қарор дорад, конфронси "Гуфтугӯи амниятии Ҳирот" барои бори аввал берун аз ин шаҳр баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 12 окт – Sputnik. Нишаст дар масоили амниятӣ, ки дар давоми 9 соли қаблӣ дар шаҳри Ҳироти Афғонистон баргузор мешуд, бори аввал аст, ки дар шаҳри Душанбе сурат мегирад.
Сафири Афғонистон дар Душанбе Муҳаммад Зоҳир Ағбар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин нишаст таҳти унвони “Низоми сиёсии ҳамашумул: улгуҳо ва нақшаи роҳ” қарор аст бо ибтикори Институти мутолиоти стратегии Афғонистон дар таърихи 29 ба 30 ноябри соли равон дар Душанбе баргузор шавад.
"Ба далели ин ки Афғонистон таҳти султаи толибҳо қарор дорад ва ин гурӯҳ эътиқоде ба нишасту музокирот, дар умум ҳалли мусолиматомез ва аз роҳи гуфтушуниди буҳрони кишварро надорад, нишасти мазкур бори аввал дар шаҳри бостонии Ҳирот баргузор намешавад", - гуфт ӯ.
Силсилаи конфронсҳои “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” бори аввал соли 2014 дар шаҳри Ҳирот, маркази вилояти ҳамноми Афғонистон бо ҳадафи эҷоди фазое барои гуфтугӯ дар ростои эҷоди дарки беҳтар аз далоили аслии мунозиъаи 50-солаи Афғонистон ба роҳ андохта шуда буд.
Мубтакири ин чорабинӣ, Институти мутолиоти стратегии Афғонистон, эълом дошта буд, ки тайи радду бадали афкори мухталиф талош талош мешавад то иҷмоъи фикрии байни донишмандон, сиёсатгузорони Афғонистон, минтақа ва фароминтақа ба вуҷуд оварда шавад.
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт, бар мабнои рӯйкарди солҳои пеш, имсол низ коршиносон ва намояндагони тамоми гурӯҳҳо ва кишварҳои даргиру алоқаманд дар мунозиъаи Афғонистон ба конфронс даъват хоҳанд шуд.
“Дар ташкили ин маҳфил сафорати Афғонистон ва Академияи улуми Тоҷикистон низ саҳм хоҳанд гирифт”, - гуфт сафир.
Конфронси “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” яке аз даҳҳо конфронсҳои сатҳи милливу минтақа ва ҷаҳон аст, ки дар робита бо буҳрони нимасраи Афғонистон гирифта мешавад, аммо ҳеҷ нест, ки ин кишвар ба як сулҳи пойдор бирасад.