Маълум шуд, ки гармӣ ба хонаҳои сокинони Душанбе кай мерасад?

© Sputnik / Мария ДевахинаРуки над батареей
Руки над батареей - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2022
Обуна шудан
Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе хабар додааст, ки дар давоми як ҳафта чаҳор ноҳияи Душанбе пурра бо оби гарм муҳлати муайян таъмин мегардад
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Шурӯъ аз 14 октябр як қисмати шаҳри Душанбе, яъне ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо оби гарми қубурӣ таъмин мегардад, иттлоъ додааст маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе.
Тибқи иттилои манбаъ, шоҳқубурҳои марказҳои барқу гармдиҳии шаҳри Душанбе аллакай бо об пур карда шуда, барои пурра таъмин намудани 4 ноҳияи шаҳри Душанбе бо оби гарм муҳлати муайян, яъне як ҳафта зарур аст.
Таъкид шудааст, ки Марказҳои барқу гармидиҳии № 1 ва 2-и шаҳри Душанбе, дегхонаҳои ғарбию шарқӣ ҳоло пурра омодаи кор мебошанд. Тамоми корҳои таъмирӣ дар таҷҳизоти асосии ёрирасон аллакай ба анҷом расонида шудаанд.
Тибқи манбаъ, аз ҳисоби истифодаи гармии танҳо Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе — 2” имкони сарфаи қариб 200 мегаватт иқтидори иловагии неруи барқ пайдо мегардад, ки ин сатҳи таъмини аҳолии кишварро бо неруи барқ боз ҳам беҳтар менамояд.
Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2022
Лимит ё таъмири шабакаҳои барқӣ: “Барқи тоҷик” боз аз камбуди обу сарфаи барқ гуфт
Инчунин қайд карда шудааст, ки дар мавсими 2022-2023 аз ҳисоби тамоми манбаъҳои гармидиҳӣ- МБГ №1, №2 ва дегхонаҳо бояд 3 ҳазор иншоот бо оби гарми қубурӣ таъмин карда шаванд.
Ҳамасола дар фасли зимистон истифодаи барқ дар шаҳри Душанбе зиёда аз ду баробар афзоиш ёфта, пойтахт ба истеъмолкунандаи азими неру табдил меёбад.
“Дар ин замина, ҳангоми истифодаи гармии дар марказҳои барқу гармидиҳӣ истеҳсолшуда дар пойтахт неруи барқ сарфа мегардад, ки ин ба таъминоти барқ дар сар то сари кишвар манфиатбахш аст”, - афзуд манбаъ.
Зикр гардидааст, ки дар Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе барои мавсими кории зимистони имсола захираи ангишт то санаи имрӯза 891 ҳазор тонна ва мазути камсулфур зиёда аз 24 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0