Соҳибони корхонаҳо дар Балх хостори коҳиши молиёт шуданд

© Sputnik / Tariq AzimКабул во время карантина
Кабул во время карантина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2022
Обуна шудан
Шуморе аз роҳбарони кохонаҳо дар вилояти Балх аз ҳукумати муваққати толибон мехоҳанд, ки барои ҳимоят аз онон молиётро коҳиш диҳад
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Саид Муҳамад Ҳошимӣ яке аз бозаргонон, ки ба тозагӣ як корхонаи коркарди пунба эҷод карда, хостори иттихози барномаҳои ҳимоятӣ аз санъаткорон аст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Тибқи иттилои манбаъ, камбуди маводи хому баланд будни қимати барқ аз дигари мушкилоти санъаткорон дар Балх гуфта мешавад.
Бозаргонон хостори коҳиши қимати барқ низ ҳастанд.
Дар ин корхона барои сад нафари заминаи кори фароҳам шудааст.
“Ҳукумати молиётро бояд коҳиш диҳад, қимати барқро камтар созад. Аз тоҷирон пуштибонӣ кунад то ангезаи сармоягузорӣ миёни тоҷирон эҷод шавад", - гуфт оқои Ҳошимӣ.
Утоқи тиҷорату сармоягузорӣ Балх эҷоди корхонаҳои тавлидиро фурсати хуб барои иштиғол бозор унвон мекунад ва аз ҳукумати сарпарасти толибон мехоҳад то барои сармоягузорон заминаро фароҳами созанд.
Железная дорога, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2022
Оғози интиқоли колоҳои эронӣ ба Афғонистон тариқи роҳи оҳан
Бар асоси омори расмӣ дар ҳоли ҳозир, беш аз 500 корхонаи кучаку бузурги тавлидӣ дар қаламрави Балх фаъолият доранд.
Лентаи хабарҳо
0