Шикасти Темур Раҳимов: Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷаҳон бе медал монд

© Национальный олимпийский комитет Республики ТаджикистанТаджикский дзюдоист Темур Рахимов взял бронзу на Гран-при в Марокко
Таджикский дзюдоист Темур Рахимов взял бронзу на Гран-при в Марокко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2022
Обуна шудан
Паҳлавони номдор ва умеди ахири тими Тоҷикистон барои ба даст овардан нишони биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи ҷудо аз варзишкори гурҷӣ шикаст хурд
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи ҷудо дар Тошканд аз ҷудокори гурҷӣ Гурам Тушишвили шикаст хурд.
Варзишгари гурҷӣ Гурам Тушишвили соҳиби медали биринҷӣ қаҳрамонии ҷудо шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар даври нимниҳоии қаҳрамонии ҷудо дар Тошканд дар вазни беш аз 100 кило Темур Раҳимов аз паҳлавони ҷопонӣ Сайто Татсуро шикаст хӯрда буд.
Бояд гуфт, ки ин ду паҳлавон қаблан низ дар мусобиқоти сатҳи гуногун вохӯрданд. Аз ҷумла соли равон дар Тоскулоҳи бузург дар Исроил дар даври нимниҳоӣ паҳлавони тоҷик аз Тушишвили шикаст хӯрда буд.
Дар қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи ҷудо, ки феълан дар Тошканд идома дорад, дар даври аввал Темур Раҳимов озод буд. Дар даври дуюм намояндаи Словакия Мариус Физелро мағлуб кард.
Темур Рахимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2022
Охирин умед ба медал аз қаҳрамонии ҷаҳон: Раҳимов бо Тушишвили зӯр меозмояд
Дар даври сеюм Темур Раҳимов ҷудокори фаронсавӣ Жосеф Терҳекро шикаст дод. Даври чорякниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон бо пирӯзии паҳлавонии тоҷик бар намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Минйонг Кими анҷом ёфт.
Маврид ба зикр аст, ки дар қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи ҷудо дар Тошканд Тоҷикистон 9 паҳлавон намояндагӣ карданд, ки 9 нафарашон аз медал бенасиб монданд.
Аз ҷумла Абӯбакри Акобир зери вазни то 100 кило, Эмомалии Нуралӣ дар вазни то 66 кило, Беҳрӯз Хоҷазода - 73, Муҳаммадраҳим Сарахонов - 73, Сомон Маҳмадбеков - 81 кило, Шодмон Ризоев - 81 кило, Комроншоҳи Устопириён – 90, Темур Раҳимов-100ва Ҷаҳонгир Маҷидов ҳам дар вазни то 90 кило шикаст хӯрданд.
Лентаи хабарҳо
0