Охирин умед ба медал аз қаҳрамонии ҷаҳон: Раҳимов бо Тушишвили зӯр меозмояд

Темур Рахимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2022
Обуна шудан
Паҳлавони номдори тоҷик барои нишони биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи ҷудо дар Тошканд бо варзишкори гурҷӣ вориди сабқат хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 12 окт – Sputnik. Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар даври нимниҳоии қаҳрамонии ҷудо дар Тошканд дар вазни беш аз 100 кило аз паҳлавони ҷопонӣ Сайто Татсуро шикаст хӯрд. Ӯ зӯрозмоиро барои медали биринҷӣ идома хоҳад дод.
Интизор меравад, ки барои медали биринҷӣ Раҳимов бо ҷудокори гурҷӣ Гурам Тушишвили сабқат кунад.
Маврид ба зикр аст, ки ин ду паҳлавон қаблан низ дар мусобиқоти сатҳи гуногун вохӯрданд. Аз ҷумла соли равон дар Тоскулоҳи бузург дар Исроил дар даври нимниҳоӣ паҳлавони тоҷик аз Тушишвили шикаст хӯрда буд.
Дар қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи ҷудо, ки феълан дар Тошканд идома дорад, дар даври аввал Темур Раҳимов озод буд. Дар даври дуюм намояндаи Словакия Мариус Физелро мағлуб кард.
Комроншох Устопириён, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2022
Шикасти Устопириён дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Тошканд
Дар даври сеюм Темур Раҳимов ҷудокори фаронсавӣ Жосеф Терҳекро шикаст дод. Даври чорякниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон бо пирӯзии паҳлавонии тоҷик бар намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Минйонг Кими анҷом ёфт.
Маврид ба зикр аст, ки дар қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи ҷудо дар Тошканд Тоҷикистон 9 паҳлавон намояндагӣ карданд, ки 8 нафарашон аз медал бенасиб монданд.
Аз ҷумла Абӯбакри Акобир зери вазни то 100 кило, Эмомалии Нуралӣ дар вазни то 66 кило, Беҳрӯз Хоҷазода - 73, Муҳаммадраҳим Сарахонов - 73, Сомон Маҳмадбеков - 81 кило, Шодмон Ризоев - 81 кило, Комроншоҳи Устопириён - 90 ва Ҷаҳонгир Маҷидов ҳам дар вазни то 90 кило шикаст хӯрданд.
Лентаи хабарҳо
0