Ба вилояти Хатлон 28 давлати хориҷӣ сармоягузорӣ кардаст

© Pixabay / Maklay62Чемодан с деньгами, архивное фото
Чемодан с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2022
Обуна шудан
Мақомоти Хатлон дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят аз натиҷаҳои назарраси вилоят дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ хабар доданд
ДУШАНБЕ, 12 окт – Sputnik. Мақомоти вилояти Хатлон дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят хабар доданд, ки дар маҷмуъ дар қаламрави вилоят бо маблағи беш аз 1,5 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гардида аст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон.
Зимни ҷаласа гуфта шуд, ки таъкид шудааст, ки аз 1,5 миллиард доллар сармояи хориҷӣ 1,4 миллиард доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.
Қайд карда шудааст, ки ба вилоят аз 28 давлати хориҷи сармоя ворид гардида, бештари маблағҳо ба давлатҳои Русия, Чин ва Эрон рост меояд.
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2022
Раиси Ассотсиатсия дар фиреби "бизнес-леди"-ҳои Хатлон айбдор мешавад
Ҳамзамон дар ин ҷаласа зикр гардидааст, ки дар давраи сипаришудаи соли равон 41,571 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтааст.
Дар ҷаласаи ҷамъбасти гуфта, шуд, ки соҳаи кишоварзӣ чун солҳои қаблӣ соҳаи пешбарандаи вилоят маҳсуб ёфта, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар 9 моҳи соли 2022 ба 17,5 миллиард сомони расонида шуда, афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,4 фоизро ташкил додааст.
Лентаи хабарҳо
0