https://sputnik.tj/20220913/narkh-barq-tojikiston-bolo-1051370096.html
Нархи барқ дар Тоҷикистон боло меравад: Аз кай ва чанд?
Нархи барқ дар Тоҷикистон боло меравад: Аз кай ва чанд?
Sputnik Тоҷикистон
Тарофаҳои нави нерӯи барқ дар Тоҷикистон, ки ҳукумати ҷумҳурӣ ахиран тасдиқ кардааст, аз 1 октябри соли равон мавриди амал қарор мегиранд
2022-09-13T16:40+0500
2022-09-13T16:40+0500
2022-09-13T18:52+0500
дар тоҷикистон
энергетика
нарх
боло
зиёд шудан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/02/1048133005_0:57:2214:1302_1920x0_80_0_0_9b625f5af1a579371621011d5871dbce.jpg
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Қимати истифодаи барқ дар Тоҷикистон барои аҳолӣ ҳудуди 4 дирам боло рафта, 26,51 дирам муқаррар шудааст. Бар асоси қарори ҳукумат, ки ахиран тасвиб шудааст, нархномаҳои нав аз 1-уми октябри соли ҷорӣ амалӣ мешаванд. То кунун аҳолӣ барои ҳар киловат соат нерӯ 22,66 дирам пардохт мекарданд, аммо минбаъд 26,51 дирам хоҳанд дод. Ҳамзамон қувваи барқ барои барои корхонаҳои саноатӣ дар нархномаҳои нав 60,65 дирам, корхонаҳои буҷетӣ - 26,51, барои насосҳои обкашӣ дар баҳору тобистон 9,2 дирам ва дар тирамоҳу зимистон 26,51 дирам муқаррар кардааст. Чун қаблан ин болоравии нархҳо ба корхонаи алюминийи тоҷик, ки қисми зиёди нерӯро истифода мекунад, дахл надорад. Қаблан Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикисто, зимни суҳбат аз зарурати боло бурдани нархи барқ дар ҷумҳурӣ изҳор дошта буд, ки қимати он аз соли 2019 то ҳол зиёд нашудааст. Вазир болоравии нархо ба зарурати сармоягузорӣ ба рушди соҳаю фароҳамсозии инфрасохтор рабт дод.
https://sputnik.tj/20220902/tavlid-nerui-barq-tojikiston-1051111035.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/02/1048133005_0:0:2140:1605_1920x0_80_0_0_f104639add147f61e591f5f5f07c8238.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қимат, нерӯ, барқ, тоҷикистон
қимат, нерӯ, барқ, тоҷикистон
Нархи барқ дар Тоҷикистон боло меравад: Аз кай ва чанд?
16:40 13.09.2022 (Навсозишуда: 18:52 13.09.2022) Тарофаҳои нави нерӯи барқ дар Тоҷикистон, ки ҳукумати ҷумҳурӣ ахиран тасдиқ кардааст, аз 1 октябри соли равон мавриди амал қарор мегиранд
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Қимати истифодаи барқ дар Тоҷикистон барои аҳолӣ ҳудуди 4 дирам боло рафта, 26,51 дирам муқаррар шудааст.
Бар асоси қарори ҳукумат, ки ахиран тасвиб шудааст, нархномаҳои нав аз 1-уми октябри соли ҷорӣ амалӣ мешаванд.
То кунун аҳолӣ барои ҳар киловат соат нерӯ 22,66 дирам пардохт мекарданд, аммо минбаъд 26,51 дирам хоҳанд дод. Ҳамзамон қувваи барқ барои барои корхонаҳои саноатӣ дар нархномаҳои нав 60,65 дирам, корхонаҳои буҷетӣ - 26,51, барои насосҳои обкашӣ дар баҳору тобистон 9,2 дирам ва дар тирамоҳу зимистон 26,51 дирам муқаррар кардааст.
Чун қаблан ин болоравии нархҳо ба корхонаи алюминийи тоҷик, ки қисми зиёди нерӯро истифода мекунад, дахл надорад.
Қаблан Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикисто, зимни суҳбат аз зарурати боло бурдани нархи барқ дар ҷумҳурӣ изҳор дошта буд, ки қимати он аз соли 2019 то ҳол зиёд нашудааст.
Вазир болоравии нархо ба зарурати сармоягузорӣ ба рушди соҳаю фароҳамсозии инфрасохтор рабт дод.