Рӯзи дигари бебарори ҷудокорони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон: Умед танҳо ба Темур Раҳимов

© Федерация дзюдо ТаджикистанаДзюдоист Темур Рахимов, архивное фото
Дзюдоист Темур Рахимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2022
Обуна шудан
Рӯзи 6-уми қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи ҷудо дар шаҳри Тошканд низ барои паҳлавонони тоҷикистонӣ бебарор анҷом ёфт. То ҳол 8 паҳлавони тоҷик шикаст хӯрданд
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Давоми 6 рӯзи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи ҷудо дар Тошканд аз 9 намояндаи Тоҷикистон 8 нафарашон шикаст хӯрданд.
Ба гузориши телевизиони "Варзиш", ахиран Абӯбакри Акобир зери вазни то 100 кило, дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бохт. Вай дар сабқат бо ҷудокори испанӣ Николоз Шеразадишвилӣ бартарият нишон надод ва барои камфаъолӣ бо 3 шидо ҷазо дода шуд.
Зикр шудаст, ки аз 9 ҷудокори тоҷик танҳо Темур Раҳимов миёни сангинвазнҳо боқӣ монд, ки интизор меравад, 12 октябр рақобатро дар даври дуюм шуруъ кунад.
Дзюдо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2022
Ҷамъбасти бебарори рӯзи 5-уми қаҳрамонии ҷаҳон барои ҷудокорони Тоҷикистон
Маврид ба зикр аст, ки то ҳол ҷудокорони дигари тоҷик Эмомалии Нуралӣ дар вазни то 66 кило дар даври дуюм, Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кило дар даври дуюм, Муҳаммадраҳим Сарахонов то 73 кило дар даври аввал шикаст хӯрданд.
Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило дар даври дуюм, Шодмон Ризоев (-81 кг ) дар даври дуюм, Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) дар даври аввал, Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) дар даври дуюм мувоҷҷеҳи шикаст шуданд.
Беҳтарин дастоварди ҷудокорони тоҷик то ҳол дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Тошканд баромадан ба даври дуюм мебошад.
Дар Тоҷикистон интизор доранд, ки бархилофи аъзои дигари тим Темур Раҳимов бо дастовардаҳояш дар қаҳрамонии ҷаҳон мухлисонро хушнуд хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0