https://sputnik.tj/20221010/jambast-qahramoni-jahon-judokoron-tojikiston-1052009764.html
Ҷамъбасти бебарори рӯзи 5-уми қаҳрамонии ҷаҳон барои ҷудокорони Тоҷикистон
Ҷамъбасти бебарори рӯзи 5-уми қаҳрамонии ҷаҳон барои ҷудокорони Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи 5-уми қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи ҷудо дар шаҳри Тошканд барои варзишгарони Тоҷикистон бебарор анҷомид. Ду ҷудокори тоҷик дучори шикаст шуданд
2022-10-10T13:45+0500
2022-10-10T13:45+0500
2022-10-10T13:46+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
дзюдо
қаҳрамонӣ
шикаст
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102521/97/1025219719_0:77:1000:640_1920x0_80_0_0_041689c9a8f9babc808348db2a121107.jpg
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Ҳарду намояндаи Тоҷикистон дар вазни то 90 кило дар рӯзи 5-уми қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи ҷудо шикаст хӯрданд. Ҷудокори тоҷик, Ҷаҳонгир Маҷидов, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Станислав Гунченко, паҳлавони 23-солаи украинӣ шикаст хӯрд. Дар ин зӯрозмоӣ паҳлавони тоҷик 3 шидо гирифт. Пирӯзи ин сабқат Станислав Гунченко дар даври сеюм бо ҷудокори испанӣ Тристани Мосахлишвили вориди майдон хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки ахиран Комроншоҳи Устопириён низ дар даври аввал бо Ивайлов Иванов аз Булғористон рӯи татамӣ баромад. Ивайлови 28-сола бо як вазарӣ роҳашро ба даври дуюм ҳамвор намуд, аммо Комроншоҳ тарки мусобиқа мекунад. Ин шикастҳо дар ҳолеянд, ки рӯзе пеш дар вазни то 81 кило ҷудокорон Шодмон Ризоев ва Сомон Маҳмадбеков Тоҷикистонро намояндагӣ карданд, ки ҳардуяшон ҳам муваффақ нашуданд.Беҳрӯз Хоҷазода низ, ки зери вазни 73 кило зӯрозмоӣ мекард, дар даври дуюми қаҳрамонии ҷаҳон дар Тошканд шикаст хӯрд.
https://sputnik.tj/20221009/mahmadbekov-rizoev-raqobat-qahramonii-judo-1052001318.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102521/97/1025219719_36:0:1000:723_1920x0_80_0_0_c67203a58c218e239262a3b62e3ec4d9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шикаст, ҷудокорон, қаҳрамонӣ, ҷаҳон
шикаст, ҷудокорон, қаҳрамонӣ, ҷаҳон
Ҷамъбасти бебарори рӯзи 5-уми қаҳрамонии ҷаҳон барои ҷудокорони Тоҷикистон
13:45 10.10.2022 (Навсозишуда: 13:46 10.10.2022) Рӯзи 5-уми қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи ҷудо дар шаҳри Тошканд барои варзишгарони Тоҷикистон бебарор анҷомид. Ду ҷудокори тоҷик дучори шикаст шуданд
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Ҳарду намояндаи Тоҷикистон дар вазни то 90 кило дар рӯзи 5-уми қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи ҷудо шикаст хӯрданд.
Ҷудокори тоҷик, Ҷаҳонгир Маҷидов, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Станислав Гунченко, паҳлавони 23-солаи украинӣ шикаст хӯрд. Дар ин зӯрозмоӣ паҳлавони тоҷик 3 шидо гирифт.
Пирӯзи ин сабқат Станислав Гунченко дар даври сеюм бо ҷудокори испанӣ Тристани Мосахлишвили вориди майдон хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Комроншоҳи Устопириён низ дар даври аввал бо Ивайлов Иванов аз Булғористон рӯи татамӣ баромад. Ивайлови 28-сола бо як вазарӣ роҳашро ба даври дуюм ҳамвор намуд, аммо Комроншоҳ тарки мусобиқа мекунад.
Ин шикастҳо дар ҳолеянд, ки рӯзе пеш дар вазни то 81 кило ҷудокорон Шодмон Ризоев ва Сомон Маҳмадбеков Тоҷикистонро намояндагӣ карданд, ки ҳардуяшон ҳам муваффақ нашуданд.
Беҳрӯз Хоҷазода низ, ки зери вазни 73 кило зӯрозмоӣ мекард, дар даври дуюми қаҳрамонии ҷаҳон дар Тошканд шикаст хӯрд.