https://sputnik.tj/20220829/saforat-jonbokhtan-muhojir-samara-rusiya-1051018236.html
Сафорат аз ҷон бохтани се муҳоҷири дигар дар вилояти Самараи Русия хабар дод
Сафорат аз ҷон бохтани се муҳоҷири дигар дар вилояти Самараи Русия хабар дод
Sputnik Тоҷикистон
Сафорат Тоҷикистон дар Русия ба наздикону хешовандони фавтидагон изҳори ҳамдардӣ ва омодагӣ барои расонидани кумак намудааст
2022-08-29T21:15+0500
2022-08-29T21:15+0500
2023-02-08T19:44+0500
дар тоҷикистон
сафорат
ҳамдардӣ
садама
ҳалокат
муҳоҷир
самара
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/09/1045693452_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_0a83fd3690634c9af6bb0c78c8d7a79e.jpg
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Се шаҳрванди Тоҷикистон дар як садамаи мудҳиш дар ноҳияи Сизрани вилояти Самараи Русия ба ҳалокат расиданд, иттилоъ додааст сафорати Тоҷикистон дар Русия.Фоҷеа дар 925 километрии шоҳроҳи М5 “Урал” дар ндар наздикии деҳаи Печерское рух додааст.Мошини сабукрави “Киа-Рио” ба як мошини боркаши тамғаи “MAN” бо қариб 20 тонна орд бархӯрдааст.Се мусофири мошини сабукрав ҷон бохта, ронанда ва як мусофири дигараш бо ҷароҳатҳои вазнин бистарӣ гардидаанд.Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар мавриди ба фавти се нафар ҷавони тоҷик, ки субҳи 29 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Сизрани вилояти Самара бар асари садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расиданд, дар ҷараён мебошад.Сафорат зикр кардааст, ки ҳамчунин бар асари ин ҳодисаи нохуш ду нафар ҷавони тоҷик ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.Сафорати Тоҷикистон дар Русия таъкид кардааст, ки қазияи мазкур таҳти пайгирии Сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа қарор дорад.“Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Федератсияи Русия барои расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба наздикону пайвандони фавтидагон ва осебдидагон изҳори омодагӣ кард”, - таъкид намудааст сафорат.Дар ҳамин ҳол масъулони сафорат, ҳамдардии худро ба наздикони фавтидагон изҳор намуданд.Ёдрас мешавем, ки чанде пеш дар шаҳри Санкт-Петербург як садамаи мудҳиши дигар рӯх дод, ки дар он чар ҷавони тоҷик ба ҳалокат расид.
https://sputnik.tj/20220829/izhori-omodagii-saforat-intiqoli-jasadhoi-muhojiron-1051012406.html
самара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/09/1045693452_45:0:2776:2048_1920x0_80_0_0_afc4265fddfb638678e61c6d0a9495d2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сафорат, садама, изҳори ҳамдардӣ, омодагӣ, кумак, муҳоҷир, ҷавонон
тоҷикистон, сафорат, садама, изҳори ҳамдардӣ, омодагӣ, кумак, муҳоҷир, ҷавонон
Сафорат аз ҷон бохтани се муҳоҷири дигар дар вилояти Самараи Русия хабар дод
21:15 29.08.2022 (Навсозишуда: 19:44 08.02.2023) Эксклюзив
Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба наздикону хешовандони фавтидагон изҳори ҳамдардӣ ва омодагӣ барои расонидани кумак ба онҳо намудааст
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Се шаҳрванди Тоҷикистон дар як садамаи мудҳиш дар ноҳияи Сизрани вилояти Самараи Русия ба ҳалокат расиданд, иттилоъ додааст сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Фоҷеа дар 925 километрии шоҳроҳи М5 “Урал” дар ндар наздикии деҳаи Печерское рух додааст.
Мошини сабукрави “Киа-Рио” ба як мошини боркаши тамғаи “MAN” бо қариб 20 тонна орд бархӯрдааст.
Се мусофири мошини сабукрав ҷон бохта, ронанда ва як мусофири дигараш бо ҷароҳатҳои вазнин бистарӣ гардидаанд.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар мавриди ба фавти се нафар ҷавони тоҷик, ки субҳи 29 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Сизрани вилояти Самара бар асари садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расиданд, дар ҷараён мебошад.
Сафорат зикр кардааст, ки ҳамчунин бар асари ин ҳодисаи нохуш ду нафар ҷавони тоҷик ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия таъкид кардааст, ки қазияи мазкур таҳти пайгирии Сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа қарор дорад.
“Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Федератсияи Русия барои расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба наздикону пайвандони фавтидагон ва осебдидагон изҳори омодагӣ кард”, - таъкид намудааст сафорат.
Дар ҳамин ҳол масъулони сафорат, ҳамдардии худро ба наздикони фавтидагон изҳор намуданд.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш дар шаҳри Санкт-Петербург як садамаи мудҳиши дигар рӯх дод, ки дар он чар ҷавони тоҷик ба ҳалокат расид.