https://sputnik.tj/20221009/seyak-hayati-shakhsi-nobud-ukraina-1052001663.html
Сеяки ҳайати шахсӣ нобуд шуд: Русия гуфт, чаро Украина ҳамлаҳои ҷавобиро боздошт
Сеяки ҳайати шахсӣ нобуд шуд: Русия гуфт, чаро Украина ҳамлаҳои ҷавобиро боздошт
Sputnik Тоҷикистон
Талафоти зиёде, ки нерӯҳои Русия ба ҷониби Украина ворид карда истодаанд, ҷониби ҳарифро аз талошҳо барои роҳандозии ҳамлаҳои ҷавобӣ боздоштаст
2022-10-09T18:55+0500
2022-10-09T18:55+0500
2022-12-22T14:04+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
амният ва мудофиа
талафот
украина
ҳамлагарон
ғарб
донбасс
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/07/1048990991_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_ec74fc8cbefb3a5d016d51ab6b71f101.jpg
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Талафоти ҳайати шахсии баталёнҳои 96 ва 98-уми бригадаи 60-уми пиёдагардон ва 128-уми нерӯҳои кӯҳии ҳамлагари артиши Украина, беш аз 30%-ро ташкил медиҳад. Ба иттилои Вазорати дифои Русия, дақиқ шудааст, ин нерӯҳо, ки дар самти Николаев-Кривой Рог фаъолият доранд, ҳудуди сеяки ҳайати шахсиро аз даст доданд. Таъкид шудааст, ки маҳз дар пайи талафоти зиёд ҳариф аз талошҳои ҳуҷуми ҷавобӣ бозмондаст. Ин дар ҳолест, ки мақомоти дифоии Русия ҳамарӯза аз талафоти садҳо нерӯи зинда ва техникаи ҳарбии ҷониби Украина гузориш медиҳанд. Вазири мудофиаи Русия, Сергей Шойгу ба ҳолати аввали моҳи сентябр талафоти ҷониби Украинаро қариб нисфи артиш арзёбӣ намуд."Ҳалокшудаҳо беш аз 61,2 ҳазор нафарро ташкил дода, ҳудуди 49,3 ҳазор нафар маҷруҳ гардиданд", - гуфта буд Шойгу дар мавриди талафоти Украина.Ӯ ҳамчунин афзуд, ки беш аз 2 ҳазор ҷангиёни хориҷӣ дар Украина нобуд шуда, феълан ҳудуди як ҳазор нафари онҳо боқӣ мондааст. Вай таъкид намуд, ки Русия на танҳо алайҳи Украина мубориза мебарад, балки зидди таҷаммӯи ғарбӣ истодаст. Амалан дар Киев ҳайати фармондеҳии ғарбӣ, беш аз 150 мутахассис қарор доранд, иттилоъ дод ӯ.Талафоти Русия дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар Донбасс ва Украина ба ҳолати моҳи сентябр наздики 7 ҳазор нафар арзёбӣ шуда буд.
https://sputnik.tj/20221009/muzokirot-jang-tramp-ukraina-1051996497.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/07/1048990991_167:0:2898:2048_1920x0_80_0_0_35818529c4cb996ce154cffb9c0acd52.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, талафот, нерӯ, ҷавобӣ, боздошт
русия, талафот, нерӯ, ҷавобӣ, боздошт
Сеяки ҳайати шахсӣ нобуд шуд: Русия гуфт, чаро Украина ҳамлаҳои ҷавобиро боздошт
18:55 09.10.2022 (Навсозишуда: 14:04 22.12.2022) Талафоти зиёде, ки нерӯҳои Русия ба ҷониби Украина ворид карда истодаанд, ҷониби ҳарифро аз талошҳо барои роҳандозии ҳамлаҳои ҷавобӣ боздоштаст
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Талафоти ҳайати шахсии баталёнҳои 96 ва 98-уми бригадаи 60-уми пиёдагардон ва 128-уми нерӯҳои кӯҳии ҳамлагари артиши Украина, беш аз 30%-ро ташкил медиҳад.
Ба иттилои Вазорати дифои Русия, дақиқ шудааст, ин нерӯҳо, ки дар самти Николаев-Кривой Рог фаъолият доранд, ҳудуди сеяки ҳайати шахсиро аз даст доданд.
Таъкид шудааст, ки маҳз дар пайи талафоти зиёд ҳариф аз талошҳои ҳуҷуми ҷавобӣ бозмондаст.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти дифоии Русия ҳамарӯза аз талафоти садҳо нерӯи зинда ва техникаи ҳарбии ҷониби Украина гузориш медиҳанд.
Вазири мудофиаи Русия, Сергей Шойгу ба ҳолати аввали моҳи сентябр талафоти ҷониби Украинаро қариб нисфи артиш арзёбӣ намуд.
"Ҳалокшудаҳо беш аз 61,2 ҳазор нафарро ташкил дода, ҳудуди 49,3 ҳазор нафар маҷруҳ гардиданд", - гуфта буд Шойгу дар мавриди талафоти Украина.
Ӯ ҳамчунин афзуд, ки беш аз 2 ҳазор ҷангиёни хориҷӣ дар Украина нобуд шуда, феълан ҳудуди як ҳазор нафари онҳо боқӣ мондааст.
Вай таъкид намуд, ки Русия на танҳо алайҳи Украина мубориза мебарад, балки зидди таҷаммӯи ғарбӣ истодаст. Амалан дар Киев ҳайати фармондеҳии ғарбӣ, беш аз 150 мутахассис қарор доранд, иттилоъ дод ӯ.
Талафоти Русия дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар Донбасс ва Украина ба ҳолати моҳи сентябр наздики 7 ҳазор нафар арзёбӣ шуда буд.