https://sputnik.tj/20221010/peshgui-erdughon-zimiston-avrupo-1052006514.html
Пешгӯии Эрдуғон дар мавриди зимистони мушкил дар Аврупо
Пешгӯии Эрдуғон дар мавриди зимистони мушкил дар Аврупо
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Туркия аз зимистони мушкил дар Аврупо ҳушдор дода, афзуд, ки феълан суоли асосӣ дар ин қитъа ин аст, ки фасли сарморо чун паси сар мекунанд
2022-10-10T11:04+0500
2022-10-10T11:04+0500
2023-02-08T19:45+0500
дар ҷаҳон
иқтисод
газ
таҳрим
аврупо
раҷаб тайиб эрдуғон
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/17/1048638287_0:119:1875:1173_1920x0_80_0_0_af4a8f135669ef4793bfc289c397f860.jpg
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Ба далели маҳдудияти интиқоли газ аз Русия кишварҳои аврупоиро мушкилоти ҷиддӣ дар пеш аст, изҳор дошт президенти Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон. Ба гузориши хабаргузории "Anadolu", Эрдуғон дар мулоқот бо аъзои Фонди ҷавонони Туркия мушкили аслии Аврупоро зимистони оянда хонд. Дар зимн таъкид намудаст, ки Туркия дар фасли сармои оянда бо манобеи энержӣ мушкиле нахоҳад дошт.Ин дар ҳолест, ки қаблан дар расонаҳои Туркия матолибе нашр шуд, таъкид мекарданд, дар масъалаи газ Иттиҳоди Аврупо ба таслимшавӣ ба Русия наздик аст. Аз ҷумла гуфта мешуд, Аврупо наметавонад масъалаи таъмини сӯзишвории кабудро ҳал кунад.Зикр гардид, ки Иттиҳодияи Аврупо ба далели интихобот дар Конгресс, ки дар моҳи ноябр баргузор мешавад, наметавонад дар масъалаи энержӣ ба Амрико зиёд такя кунад.Таъкид гардид, дар сурате, ки ҷумҳурихоҳон аксариятро ишғол кунанд, Аврупо дучори хавфи бе кумак аз он тарафи уқёнуси Атлантик хоҳад монд. Дар ҳар сурат ҳам Вашингтон тамоми эҳтиёҷоти газро, ки Иттиҳоди Аврупо дорад, қонеъ карда наметавонад, навишта буданд расонаҳои туркӣ.
https://sputnik.tj/20221007/davati-orban-taghyir-siyosati-ghalati-tahrimguzori-1051960116.html
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/17/1048638287_75:0:1798:1292_1920x0_80_0_0_75fc50c1c86e629da84dac2b0828c0ce.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҷаб тайиб эрдуғон, мушкилот, ҷиддӣ, дучор
раҷаб тайиб эрдуғон, мушкилот, ҷиддӣ, дучор
Пешгӯии Эрдуғон дар мавриди зимистони мушкил дар Аврупо
11:04 10.10.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Раисҷумҳури Туркия аз зимистони мушкил дар Аврупо ҳушдор дода, афзуд, ки феълан суоли асосӣ дар ин қитъа ин аст, ки фасли сарморо чун паси сар мекунанд
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Ба далели маҳдудияти интиқоли газ аз Русия кишварҳои аврупоиро мушкилоти ҷиддӣ дар пеш аст, изҳор дошт президенти Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон.
Ба гузориши хабаргузории "Anadolu", Эрдуғон дар мулоқот бо аъзои Фонди ҷавонони Туркия мушкили аслии Аврупоро зимистони оянда хонд.
"Кишварҳои Аврупо дар зимистони имсол ба далели маҳдудият дар интиқоли газ аз Русия ба мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд. Ҳоло тамоми Аврупо ин суолро мепурсад, ки ин зимистон чӣ гуна мегузарад", - гуфт ӯ.
Дар зимн таъкид намудаст, ки Туркия дар фасли сармои оянда бо манобеи энержӣ мушкиле нахоҳад дошт.
Ин дар ҳолест, ки қаблан дар расонаҳои Туркия матолибе нашр шуд, таъкид мекарданд, дар масъалаи газ Иттиҳоди Аврупо ба таслимшавӣ ба Русия наздик аст.
Аз ҷумла гуфта мешуд, Аврупо наметавонад масъалаи таъмини сӯзишвории кабудро ҳал кунад.
Зикр гардид, ки Иттиҳодияи Аврупо ба далели интихобот дар Конгресс, ки дар моҳи ноябр баргузор мешавад, наметавонад дар масъалаи энержӣ ба Амрико зиёд такя кунад.
Таъкид гардид, дар сурате, ки ҷумҳурихоҳон аксариятро ишғол кунанд, Аврупо дучори хавфи бе кумак аз он тарафи уқёнуси Атлантик хоҳад монд. Дар ҳар сурат ҳам Вашингтон тамоми эҳтиёҷоти газро, ки Иттиҳоди Аврупо дорад, қонеъ карда наметавонад, навишта буданд расонаҳои туркӣ.