https://sputnik.tj/20221007/davati-orban-taghyir-siyosati-ghalati-tahrimguzori-1051960116.html
Даъвати Орбан барои тағйир додани сиёсати ғалати таҳримгузорӣ
Даъвати Орбан барои тағйир додани сиёсати ғалати таҳримгузорӣ
Sputnik Тоҷикистон
Нахуствазири Маҷористон ахиран гуфтааст, ки кишварҳои Аврупо бино бар сиёсати таҳримиашон бар зидди Русия захмдор шудаанд
2022-10-07T14:06+0500
2022-10-07T14:06+0500
2022-10-07T14:06+0500
аврупо
дар русия
виктор орбан
маҷористон
таҳрим
равобит
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/19/1047077815_0:0:2797:1574_1920x0_80_0_0_4b32e22ef886068116a85ee0e0eca0ce.jpg
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Нахуствазири Маҷористон Виктор Орбан аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо даъват, кард ки сиёсати ғалатро бознигарӣ кунанд, зеро ба гуфтаи ӯ, Аврупо аз таҳримҳо бар зидди Русия "охиста-оҳиста хун мерезонад"."Таҳримҳо интизориҳоро бароварда накарданд. Шоҳиди хунрезии оҳиста-оҳистаи Аврупо ҳастем, дар ҳоле, ки Русия дар ин миён пули хубе ба даст меорад. Маълум аст, ки сиёсати таҳримии ғалати Брюссел бояд тағир дода шавад", - навиштааст ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ.Дар як паёми видеоие, ки дар ҷараёни нишасти ғайрирасмии Иттиҳодияи Аврупо мунташир шуд, Орбан қайд кард, ки дар мулоқот саволҳои душвор баррасӣ мешаванд: оё кишварҳои Аврупо дар моҳҳои оянда газ ва нерӯи барқ доранд."Маҷористон қаблан аз эмбаргои нафт ва таҳримҳо худро озод карда буд ва дар рӯзҳои охир мо низ тавонистем кафолат диҳем, ки таҳримҳои нав на ба энержии ҳастаии Маҷористон ва на интиқоли газ ба Маҷористон рабт нахоҳанд дошт, аммо таҳримҳо қимати энержиро якбора боло бурданд. Албатта ба Маҷористон таъсир мерасонад, пардохти қимати нерӯи энержи тақриба ғайриимкон аст", - гуфт сарвазир.Нахустин нишасти раҳбарони Иттиҳодияи сиёсии Аврупо рӯзи панҷшанбе дар Прага бо ширкати сарони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо баргузор мешавад. Ба ин ҳамоиш раҳбарони 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо, кишварҳои Балкани Ғарбӣ, Норвегия, Швейтсария, Исландия, Лихтенштейн, Британияи Кабир, Украина, Молдова, Гурҷистон, Туркия, Арманистон ва Озарбойҷон даъват шудаанд.Мавзуъҳои аслии ин нишаст авзоъ дар Украина, буҳрони энержӣ ва иқтисод хоҳад буд.
https://sputnik.tj/20211018/rusiya-ravobitashro-bo-nato-qat-kard-oghozi-buhron-1042947791.html
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/19/1047077815_12:0:2743:2048_1920x0_80_0_0_7b33b8326e9aa0236925d48c28bbb139.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, маҷористон, орбан, сиёсати ғалат, таҳримӣ, давлат, аврупо
русия, маҷористон, орбан, сиёсати ғалат, таҳримӣ, давлат, аврупо
Даъвати Орбан барои тағйир додани сиёсати ғалати таҳримгузорӣ
Нахуствазири Маҷористон ахиран гуфтааст, ки кишварҳои Аврупо бино бар сиёсати таҳримиашон бар зидди Русия захмдор шудаанд
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Нахуствазири Маҷористон Виктор Орбан аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо даъват, кард ки сиёсати ғалатро бознигарӣ кунанд, зеро ба гуфтаи ӯ, Аврупо аз таҳримҳо бар зидди Русия "охиста-оҳиста хун мерезонад".
"Таҳримҳо интизориҳоро бароварда накарданд. Шоҳиди хунрезии оҳиста-оҳистаи Аврупо ҳастем, дар ҳоле, ки Русия дар ин миён пули хубе ба даст меорад. Маълум аст, ки сиёсати таҳримии ғалати Брюссел бояд тағир дода шавад", - навиштааст ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Дар як паёми видеоие, ки дар ҷараёни нишасти ғайрирасмии Иттиҳодияи Аврупо мунташир шуд, Орбан қайд кард, ки дар мулоқот саволҳои душвор баррасӣ мешаванд: оё кишварҳои Аврупо дар моҳҳои оянда газ ва нерӯи барқ доранд.
"Маҷористон қаблан аз эмбаргои нафт ва таҳримҳо худро озод карда буд ва дар рӯзҳои охир мо низ тавонистем кафолат диҳем, ки таҳримҳои нав на ба энержии ҳастаии Маҷористон ва на интиқоли газ ба Маҷористон рабт нахоҳанд дошт, аммо таҳримҳо қимати энержиро якбора боло бурданд. Албатта ба Маҷористон таъсир мерасонад, пардохти қимати нерӯи энержи тақриба ғайриимкон аст", - гуфт сарвазир.
Нахустин нишасти раҳбарони Иттиҳодияи сиёсии Аврупо рӯзи панҷшанбе дар Прага бо ширкати сарони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо баргузор мешавад. Ба ин ҳамоиш раҳбарони 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо, кишварҳои Балкани Ғарбӣ, Норвегия, Швейтсария, Исландия, Лихтенштейн, Британияи Кабир, Украина, Молдова, Гурҷистон, Туркия, Арманистон ва Озарбойҷон даъват шудаанд.
Мавзуъҳои аслии ин нишаст авзоъ дар Украина, буҳрони энержӣ ва иқтисод хоҳад буд.