Боздиди вазири маорифи Тоҷикистон аз мактабҳои тахрибшуда дар навоҳии марзӣ

© Sputnik Средняя школа № 71 джамоата Овчи Калача в Бободжон-Гафуровском районе Таджикситана после обстрела
Средняя школа № 71 джамоата Овчи Калача в Бободжон-Гафуровском районе Таджикситана после обстрела - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2022
Обуна шудан
Вазири маориф зимни боздид аз мактабҳо хостори аз худ кардани Луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ шудаст, ки 400 калима доранд
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии зарардида дар муноқишаҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар дода, афзуд, Саидзода ба омӯзгорон ва хонандагони зарардида кумак расонид.
Вазир бо вазъи таълиму тарбия ва омодагӣ ба фасли зимистон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои Варзоб, Айнӣ ва шаҳри Истаравшан дидан кардаст.
Вай зимни боздид дар бархез аз макотиб, камбудиҳо аз қабили ба таълиму тарбия машғул будани омӯзгорони ғайритахассус, нагузоштани ҷадвали дарсӣ, сари вақт пур накардани журналҳои дарсӣ, дар ҳолати корӣ қарор надоштани ҷевонҳоро мушоҳида кардаст.
Ученики в Вахдадской школе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2022
Дар Тоҷикистон мехоҳанд устодону донишомӯзонро забондон кунанд: вазорат қарор қабул кард
Раҳим Саидозода дар пайи сабти камбудиҳо ба масъулини маорифи ноҳияҳо барои ислоҳи вазъ супориш додаст.
"Ҳамзамон ба кормандони дастгоҳи вазорат дастур дода шуд, ки масъалаҳои мазкур дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуда, натиҷаи он дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шавад", - омадаст дар матлаб.
Вазири маориф ҳамчунин хоастааст, Луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, ки 400 калимаро дар бар мегирад, ба хонандагон ва омӯзгорон дастрас ва аз худ карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0