https://sputnik.tj/20220922/tojikiston-ustodonu-donishomuzon-zabondon-1051597460.html
Дар Тоҷикистон мехоҳанд устодону донишомӯзонро забондон кунанд: вазорат қарор қабул кард
Дар Тоҷикистон мехоҳанд устодону донишомӯзонро забондон кунанд: вазорат қарор қабул кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон мехоҳанд раванди омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар макотибу донишгоҳҳо тезтар кунанд. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми қароре низ қабул кардааст
2022-09-22T13:50+0500
2022-09-22T13:50+0500
2022-09-22T13:50+0500
маориф
дар тоҷикистон
забономӯзӣ
забони русӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102955/91/1029559112_0:105:2049:1257_1920x0_80_0_0_634065c0e671aacfb98f54bce051075b.jpg
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон муҳассилини мактабҳои миёна ва муассисаҳои таҳсилоти олиро барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ вазифадор кардааст. Аз ҷумла, ин ниҳод қайд кардааст, ки хонандагони мактабҳо, донишҷӯён ва омӯзгорон бояд 400 калимаҳои русӣ ва англисиро донанд. Дар ин бора қарори дахлдори вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода шаҳодат медиҳад.Ин натиҷа бояд ҳарчи зудтар ба даст ояд ва аз ин рӯ Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ изҳор дошт, ки то моҳи январи соли 2023 чунин натиҷаҳоро интизоранд.Бо ин мақсад, дар ин ниҳод китоберо низ омода кардааст - "Луғати калимаҳои байнулмилалии тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ". Онро барои омӯзиш истифода бурдан мумкин аст. Ҳамзамон, дар қарор зикр шудааст, ки чунин қоида ба донишҷӯёни синфҳои ибтидоӣ дахл надорад. "Ҳамаи омӯзгорони мактабҳо, хонандагони синфҳои 5-11, донишҷӯён ва дигар кормандони соҳаи таълими кишвар вазифадоранд, ки дар оғози соли нав 400 калимаҳои русӣ ва англисӣ омӯзанд", - омадааст дар санад.Маврид ба зикр аст, ки барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон дар сатҳҳои болоӣ махсусан президенти кишвар таваҷҷуҳи хоса медиҳад ва дар ҳама баромадҳояш дар робита ба соҳа ин нуктаро қайд мекунад.
https://sputnik.tj/20220901/rahmon-tojikiston-sol-zabon-rusi-elon-1051099850.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102955/91/1029559112_116:0:1931:1361_1920x0_80_0_0_456870070d3697f1c7557a78e1e99bba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷиикстон маориф забондонӣ русӣ англисӣ
тоҷиикстон маориф забондонӣ русӣ англисӣ
Дар Тоҷикистон мехоҳанд устодону донишомӯзонро забондон кунанд: вазорат қарор қабул кард
Дар Тоҷикистон мехоҳанд раванди омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар макотибу донишгоҳҳо тезтар кунанд. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми қароре низ қабул кардааст
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон муҳассилини мактабҳои миёна ва муассисаҳои таҳсилоти олиро барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ вазифадор кардааст.
Аз ҷумла, ин ниҳод қайд кардааст, ки хонандагони мактабҳо, донишҷӯён ва омӯзгорон бояд 400 калимаҳои русӣ ва англисиро донанд.
Дар ин бора қарори дахлдори вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода шаҳодат медиҳад.
Ин натиҷа бояд ҳарчи зудтар ба даст ояд ва аз ин рӯ Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ изҳор дошт, ки то моҳи январи соли 2023 чунин натиҷаҳоро интизоранд.
Бо ин мақсад, дар ин ниҳод китоберо низ омода кардааст - "Луғати калимаҳои байнулмилалии тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ". Онро барои омӯзиш истифода бурдан мумкин аст.
Ҳамзамон, дар қарор зикр шудааст, ки чунин қоида ба донишҷӯёни синфҳои ибтидоӣ дахл надорад.
"Ҳамаи омӯзгорони мактабҳо, хонандагони синфҳои 5-11, донишҷӯён ва дигар кормандони соҳаи таълими кишвар вазифадоранд, ки дар оғози соли нав 400 калимаҳои русӣ ва англисӣ омӯзанд", - омадааст дар санад.
Маврид ба зикр аст, ки барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон дар сатҳҳои болоӣ махсусан президенти кишвар таваҷҷуҳи хоса медиҳад ва дар ҳама баромадҳояш дар робита ба соҳа ин нуктаро қайд мекунад.