https://sputnik.tj/20221009/toshiev-jabborov-janjolash-kdam-1051995555.html
То сари қудратам, Тошиев мемонад: Ҷабборов дар бораи овозаи ҷанҷолаш бо раиси КДАМ
То сари қудратам, Тошиев мемонад: Ҷабборов дар бораи овозаи ҷанҷолаш бо раиси КДАМ
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Қирғизистон мухолифаташро бо раиси КДАМ-и кишвараш сари тақсими қудратро рад карда, афзудаст, ки ин ҳолат ҳеч гоҳ рух нахоҳад дод
2022-10-09T10:43+0500
2022-10-09T10:43+0500
2022-10-09T10:47+0500
осиёи марказӣ
қамчибек тошиев
содир ҷабборов
қирғизистон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/0d/1051355749_0:0:2835:1595_1920x0_80_0_0_5b4f5ba1008295a5d2ff0cba05f985fe.jpg
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Сарусадо, ки гӯиё президенти Қирғизистон, Содир Ҷабборов ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар, Қамчибек Тошиев ҷанҷол кардаанду ба тақсими қудрат шурӯъ намудаанд, дурӯғанд.Ин нуктаро худи президенти Қирғизистон дар пасманзари паҳн шудани иттилоот дар ин бора дар шабакаҳои иҷтимоӣ баён доштаст.Ҷабборов дар посух ба дархости шарҳи ин хабарҳо изҳор доштаст, ки "аввалан, мо ҳеҷ гоҳ ҷанҷол нахоҳем кард, ман ба ин иҷозат намедиҳам".Вай таъкид намуд, ҳарфҳое, ки гӯиё бо Тошиев ба хотири қудрат бо ҳам мухолифат мекунад, дурӯғ аст. Вай тавзеҳ дод, ки гурӯҳҳои муайяне ҳастанд, ки мехоҳанд ӯро бо Тошиев вориди ҷанҷол кунанд. "Фикр мекунед, ки агар "Тошиев масъалаи кадриро ҳал мекунад, президент шудан мехоҳад" гӯянд, ман ба онҳо бовар мекунам ва Тошиевро аз вазифа сабукдӯш мекунам? То даме, ки ман дар сари қудрат ҳастам, Ташиев ҳам дар сари қудрат хоҳад буд", - гуфт Ҷабборов. Раисҷумҳури Қирғизистон изҳор дошт, ки аз ҳама муҳимаш ҳар кореро, ки анҷом медиҳанд, бар хилофи манфиатҳои халқу давлат нест.
https://sputnik.tj/20220926/mintaqa-bahs-tojikiston-qirghiziston-durbin-1051671283.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/0d/1051355749_268:0:2757:1867_1920x0_80_0_0_de9739920f618af04246fab412530bed.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷабборов, тошиев, шарҳ, ҷанҷол, овоза
ҷабборов, тошиев, шарҳ, ҷанҷол, овоза
То сари қудратам, Тошиев мемонад: Ҷабборов дар бораи овозаи ҷанҷолаш бо раиси КДАМ
10:43 09.10.2022 (Навсозишуда: 10:47 09.10.2022) Раисҷумҳури Қирғизистон мухолифаташро бо раиси КДАМ-и кишвараш сари тақсими қудратро рад карда, афзудаст, ки ин ҳолат ҳеч гоҳ рух нахоҳад дод
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Сарусадо, ки гӯиё президенти Қирғизистон, Содир Ҷабборов ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар, Қамчибек Тошиев ҷанҷол кардаанду ба тақсими қудрат шурӯъ намудаанд, дурӯғанд.
Ин нуктаро худи президенти Қирғизистон дар пасманзари паҳн шудани иттилоот дар ин бора дар шабакаҳои иҷтимоӣ баён доштаст.
Ҷабборов дар посух ба дархости шарҳи ин хабарҳо изҳор доштаст, ки "аввалан, мо ҳеҷ гоҳ ҷанҷол нахоҳем кард, ман ба ин иҷозат намедиҳам".
Вай таъкид намуд, ҳарфҳое, ки гӯиё бо Тошиев ба хотири қудрат бо ҳам мухолифат мекунад, дурӯғ аст.
"Ӯ бе чуну чаро ҳама дастурҳои маро иҷро мекунад, зеро ман ба манофеи шахсӣ дастур намедиҳам. Ҳама чиз дар доираи манфиатҳои давлат анҷом мешавад", - афзуд Ҷабборов.
Вай тавзеҳ дод, ки гурӯҳҳои муайяне ҳастанд, ки мехоҳанд ӯро бо Тошиев вориди ҷанҷол кунанд.
"Фикр мекунед, ки агар "Тошиев масъалаи кадриро ҳал мекунад, президент шудан мехоҳад" гӯянд, ман ба онҳо бовар мекунам ва Тошиевро аз вазифа сабукдӯш мекунам? То даме, ки ман дар сари қудрат ҳастам, Ташиев ҳам дар сари қудрат хоҳад буд", - гуфт Ҷабборов.
Раисҷумҳури Қирғизистон изҳор дошт, ки аз ҳама муҳимаш ҳар кореро, ки анҷом медиҳанд, бар хилофи манфиатҳои халқу давлат нест.