https://sputnik.tj/20221009/alizoda-parlumon-maqomi-nav-1051998385.html
Ализода дар парлумон мақоми нав гирифт
Ализода дар парлумон мақоми нав гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон ба вакили нави мардумӣ аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ дар парлумон бо ҷамъи оро вазифаи нав дод
2022-10-09T14:48+0500
2022-10-09T14:48+0500
2022-10-09T19:08+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
маҷлиси намояндагон
узвият
вакил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103064/87/1030648748_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_46d1c406523174561c97bdb2a895fb76.jpg
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Вакили нав дар парлумони Тоҷикистон, Ализода Зафари Аҳмадҷон ба узвияти Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон интихоб шуд. Номзадии Ализодаро дар ҷаласаи ахири парлумон, раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода пешниҳод намуда, вакилон бо иттифоқи оро аз он ҷонибдорӣ намуданд. Ализода Зафари Аҳмадҷон вакили нави Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ мебошад, ки ахиран бар асоси қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ваколаташ тасдиқ шуд. Ӯ тибқи рӯйхати номзадҳои интихобгардида аз ҲИИТ вориди парлумон шуд. Ализода дар курсии вакилӣ Файзулло Машраб Қурбоналиро иваз кард, ки ахиран ваколатҳояш пеш аз муҳлат қатъ шуданд.Маврид ба зикр аст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар нимаи моҳи августи соил равон Файзулло Машраб Қурбоналиро ба вазифаи ректори Муассисаи байнидавлатии таҳсилоти олии Донишгоҳи славянии Тоҷикистон - Русия таъйин кард.Ин дар ҳолест, ки ахиран се вакили дигар низ, ки аксаран аз Ҳизби ҳокими халқӣ - демократӣ буданд, вориди парлумон шуданд.Аз ҷумла Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ки бо гирифтани беш аз 60%-и оро ғолиби интихоботи миёнадаврӣ дар ҳавзаи Фирдавсӣ шуд, ба ҳайси вакили парлумон ба фаъолият шуруъ кард.Инчунин Шерализода Муҳамадулло Умар, собиқ раиси ноҳияи Варзоб низ ба ҳайси вакили нав аз ҳавзаи Рӯдакӣ савганд ёд кард. Вакили сеюм, ки тоза ба парлумон ворид гардид, Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад мебошад. Ӯ бо гирифтани наздики 55%-и оро вакил аз ҳавзаи Данғара узви Маҷлиси намояндагон шуд.
https://sputnik.tj/20220824/vakolat-parlumon-tojikiston-mansab-nav-1050906093.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103064/87/1030648748_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_3d1e9107b2a5599470c56ce7b067d853.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мақом, нав, маҷлиси намояндагон, ализода
мақом, нав, маҷлиси намояндагон, ализода
Ализода дар парлумон мақоми нав гирифт
14:48 09.10.2022 (Навсозишуда: 19:08 09.10.2022) Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон ба вакили нави мардумӣ аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ дар парлумон бо ҷамъи оро вазифаи нав дод
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Вакили нав дар парлумони Тоҷикистон, Ализода Зафари Аҳмадҷон ба узвияти Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон интихоб шуд.
Номзадии Ализодаро дар ҷаласаи ахири парлумон, раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода пешниҳод намуда, вакилон бо иттифоқи оро аз он ҷонибдорӣ намуданд.
Ализода Зафари Аҳмадҷон вакили нави Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ мебошад, ки ахиран бар асоси қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ваколаташ тасдиқ шуд. Ӯ тибқи рӯйхати номзадҳои интихобгардида аз ҲИИТ вориди парлумон шуд.
Ализода дар курсии вакилӣ Файзулло Машраб Қурбоналиро иваз кард, ки ахиран ваколатҳояш пеш аз муҳлат қатъ шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар нимаи моҳи августи соил равон Файзулло Машраб Қурбоналиро ба вазифаи ректори Муассисаи байнидавлатии таҳсилоти олии Донишгоҳи славянии Тоҷикистон - Русия таъйин кард.
Ин дар ҳолест, ки ахиран се вакили дигар низ, ки аксаран аз Ҳизби ҳокими халқӣ - демократӣ буданд, вориди парлумон шуданд.
Аз ҷумла Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ки бо гирифтани беш аз 60%-и оро ғолиби интихоботи миёнадаврӣ дар ҳавзаи Фирдавсӣ шуд, ба ҳайси вакили парлумон ба фаъолият шуруъ кард.
Инчунин Шерализода Муҳамадулло Умар, собиқ раиси ноҳияи Варзоб низ ба ҳайси вакили нав аз ҳавзаи Рӯдакӣ савганд ёд кард. Вакили сеюм, ки тоза ба парлумон ворид гардид, Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад мебошад. Ӯ бо гирифтани наздики 55%-и оро вакил аз ҳавзаи Данғара узви Маҷлиси намояндагон шуд.