https://sputnik.tj/20221008/tedod-daqiq-bozdosht-havodis-badakhshon-1051986755.html
Теъдоди дақиқи боздоштшудаҳо дар пайи ҳаводиси Бадахшон эълон шуд
Теъдоди дақиқи боздоштшудаҳо дар пайи ҳаводиси Бадахшон эълон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Маълум шуд, ки дар пайи ҳаводиси баҳорӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон чанд нафар боздошт ва ҳукми чанде аз он содир шудааст
2022-10-08T16:32+0500
2022-10-08T16:32+0500
2022-10-08T16:32+0500
дар тоҷикистон
вмкб
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
прокуратураи генералии тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102797/63/1027976313_0:257:2731:1793_1920x0_80_0_0_de5aa56d88d5516d69a83687645c3111.jpg
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон натиҷаи таҳқиқи ҳодисаҳои моҳи май дар ВМКБ-ро эълон кард.Бино ба гузориши дафтари матбуотии ин ниҳод, дар пайи воқеот нисбати 109 нафар саркардагон ва аъзоёни иттиҳодияҳои ҷиноятӣ бо моддаҳои алоҳидаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва ба суд ирсол карда шуда.Ин ниҳод мегӯяд, дар натиҷа ба 77 нафар дар асоси ҳукмҳои судӣ ҷазои сазовор таъин карда шуда, нисбати 32 нафари дигар парвандаи ҷиноятӣ мавриди баррасии судӣ қарор доранд.Ҳамзамон додситонӣ таъкид мекунад, ки дар ин муддат чанде аз тазоҳуротчиён ва рӯзноманигорон низ барои содир намудани ҷиноятҳои гуногун, яъне узвият ва ҳамкорӣ доштанашон бо созмонҳои экстремистӣ-террористии фаъолияташ мамнуъ боздошт гардиданд. Аммо ин ниҳод расман нагуфтааст, ки киҳоро боздошт кард.Манбаъ ҳолатҳои таҳти фишору шиканҷа қарор гирифтани рӯзноманигорон ё зиндониёни сиёсиро рад карда, гуфтааст, ки ягон арзу шикоятҳо ворид нашуда, аъзои оилаҳои онҳо низ доири он муроҷиат накардаанд.Нооромиҳо дар ВМКБ аз моҳи ноябри соли 2021, баъди куштани як сокини ноҳияи Роштқалъа зимни амалиёти боздошт оғоз шуда буданд. Сокинони маҳаллӣ бо баргузории ҳамоиш аз мақомот таҳқиқи мунсифонаи қазия ва муҷозоти омилони марги сокинони мулкиро талаб карданд.Дар пайи ин ҳаводис се низомӣ кушта, шашто захм бардоштаанд. Аз мулкиён бошанд мақомот расман 8 нафар гуфтанд, ҳарчанд дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз 21 кушташуда гузориш мешавад.
https://sputnik.tj/20220519/vkd-muttahamon-noamniho-rushon-nom-ba-nom-zikr-kard-1048576090.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102797/63/1027976313_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_831cc96a08fb5f7c8239ab95cc4a015f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
боздоштшудаҳо ҳаводис бадахшон эълон
боздоштшудаҳо ҳаводис бадахшон эълон
Теъдоди дақиқи боздоштшудаҳо дар пайи ҳаводиси Бадахшон эълон шуд
Маълум шуд, ки дар пайи ҳаводиси баҳорӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон чанд нафар боздошт ва ҳукми чанде аз он содир шудааст
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон натиҷаи таҳқиқи ҳодисаҳои моҳи май дар ВМКБ-ро эълон кард.
Бино ба гузориши дафтари матбуотии ин ниҳод, дар пайи воқеот нисбати 109 нафар саркардагон ва аъзоёни иттиҳодияҳои ҷиноятӣ бо моддаҳои алоҳидаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва ба суд ирсол карда шуда.
Ин ниҳод мегӯяд, дар натиҷа ба 77 нафар дар асоси ҳукмҳои судӣ ҷазои сазовор таъин карда шуда, нисбати 32 нафари дигар парвандаи ҷиноятӣ мавриди баррасии судӣ қарор доранд.
"Ҳамзамон 89 нафари тазоҳуротчиён барои майдаавбошӣ ва бетартибиҳои оммавӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ низ кашида шуданд", - афзудааст манбаъ.
Ҳамзамон додситонӣ таъкид мекунад, ки дар ин муддат чанде аз тазоҳуротчиён ва рӯзноманигорон низ барои содир намудани ҷиноятҳои гуногун, яъне узвият ва ҳамкорӣ доштанашон бо созмонҳои экстремистӣ-террористии фаъолияташ мамнуъ боздошт гардиданд. Аммо ин ниҳод расман нагуфтааст, ки киҳоро боздошт кард.
Манбаъ ҳолатҳои таҳти фишору шиканҷа қарор гирифтани рӯзноманигорон ё зиндониёни сиёсиро рад карда, гуфтааст, ки ягон арзу шикоятҳо ворид нашуда, аъзои оилаҳои онҳо низ доири он муроҷиат накардаанд.
Нооромиҳо дар ВМКБ аз моҳи ноябри соли 2021, баъди куштани як сокини ноҳияи Роштқалъа зимни амалиёти боздошт оғоз шуда буданд. Сокинони маҳаллӣ бо баргузории ҳамоиш аз мақомот таҳқиқи мунсифонаи қазия ва муҷозоти омилони марги сокинони мулкиро талаб карданд.
Дар пайи ин ҳаводис се низомӣ кушта, шашто захм бардоштаанд. Аз мулкиён бошанд мақомот расман 8 нафар гуфтанд, ҳарчанд дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз 21 кушташуда гузориш мешавад.