https://sputnik.tj/20220519/vkd-muttahamon-noamniho-rushon-nom-ba-nom-zikr-kard-1048576090.html
ВКД "муттаҳамон"-и ноамниҳо дар Рӯшонро ном ба ном зикр кард
ВКД "муттаҳамон"-и ноамниҳо дар Рӯшонро ном ба ном зикр кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, феълан вазъият дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ ором аст. Ин ниҳод теъдоди кушташудагонро ҳамоно 8 нафар арзёбӣ мекунад
2022-05-19T19:30+0500
2022-05-19T19:30+0500
2022-05-20T13:47+0500
дар тоҷикистон
вмкб
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101358/62/1013586205_0:72:2881:1692_1920x0_80_0_0_b23f166448ee7184b76e3f499da29c44.jpg
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот тафсилоти задухӯрди мақомоти амниятӣ бо сокинони ноҳияи Рӯшонро, ки аз онҳо "гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша" ном мебарад, нашр намуд.Дар изҳорот ҳамчунин аз роҳбарону сарпаростони ин гурӯҳ гуфта шудааст.Тибқи изҳороти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, "гурӯҳҳои мутаашаккили ҷиноятпеша"-ро Алим Шерзамон, ҳаммаслакони ӯ Холбаш Холбашев ва Улфатхоним Мамадшоева роҳбарӣ ва сарпарастӣ мекарданд.Ҳамчунин гуфта шудааст, ки як гурӯҳи дигар таҳти роҳбарии Ёдгор Ғуломҳайдаров, Қулмаҳмад Паллаев ва Паҳлавон Шералиев дар мавзеи Вамардара, ки аз маркази ноҳияи Рӯшон дар баландии 350-400 метр ҷойгир аст, 6 мавқеи ҷангӣ ташкил намуданд.Манбаъ меафзояд, ки ин гурӯҳ гӯё қасд дошт, бо истифодаи аз гранатамёти РПГ 7В, пулемёти "Калашников", автомати Калашников ва норинҷакҳои ҷангӣ ба қатораи автомашинаҳои хидматчиёни низомӣ ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом диҳанд.Ҳалокати 9 ва ҷароҳати 24 нафар дар ҳаводиси РӯшонИлова бар ин, тибқи маълумоти вазорат, ин гурӯҳ бояд бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, пости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, иншооти маъмурии сохторҳои давлатӣ ва шоҳроҳи асосиро мавриди ҳамла қарор медод.Вазорат дар изҳороташ таъйид намуд, ки рӯзи 18 май дар зимни ноамниҳо дар ноҳияи Рӯшон як афсар кушта ва 13 низомии дигар захмӣ шудаанд.Дар хабари вазорат теъдоди кушташудагон аз ҷониби ғайринизомиҳо ҳамоно 8 нафар арзёбӣ мешавад, ҳарчанд дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз 21 кушташуда гузориш мешавад.Нооромиҳо дар ВМКБ аз моҳи ноябри соли 2021, баъди куштани як сокини ноҳияи Роштқалъа зимни амалиёти боздошт оғоз шуда буданд. Сокинони маҳаллӣ бо баргузории ҳамоиш аз мақомот таҳқиқи мунсифонаи қазия ва муҷозоти омилони марги сокинони мулкиро талаб карданд.
https://sputnik.tj/20220518/vkd-tojikiston-amaliyot-zidditerroristiro-badakhshon-1048527452.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101358/62/1013586205_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_e9a220c3264334b3a515c81eb250436e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вкд тоҷикистон рӯшон
ВКД "муттаҳамон"-и ноамниҳо дар Рӯшонро ном ба ном зикр кард
19:30 19.05.2022 (Навсозишуда: 13:47 20.05.2022) Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, феълан вазъият дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ ором аст. Ин ниҳод теъдоди кушташудагонро ҳамоно 8 нафар арзёбӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот тафсилоти задухӯрди мақомоти амниятӣ бо сокинони ноҳияи Рӯшонро, ки аз онҳо "гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша" ном мебарад, нашр намуд.
Дар изҳорот ҳамчунин аз роҳбарону сарпаростони ин гурӯҳ гуфта шудааст.
Тибқи изҳороти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, "гурӯҳҳои мутаашаккили ҷиноятпеша"-ро Алим Шерзамон, ҳаммаслакони ӯ Холбаш Холбашев ва Улфатхоним Мамадшоева роҳбарӣ ва сарпарастӣ мекарданд.
Ҳамчунин гуфта шудааст, ки як гурӯҳи дигар таҳти роҳбарии Ёдгор Ғуломҳайдаров, Қулмаҳмад Паллаев ва Паҳлавон Шералиев дар мавзеи Вамардара, ки аз маркази ноҳияи Рӯшон дар баландии 350-400 метр ҷойгир аст, 6 мавқеи ҷангӣ ташкил намуданд.
Манбаъ меафзояд, ки ин гурӯҳ гӯё қасд дошт, бо истифодаи аз гранатамёти РПГ 7В, пулемёти "Калашников", автомати Калашников ва норинҷакҳои ҷангӣ ба қатораи автомашинаҳои хидматчиёни низомӣ ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом диҳанд.
Илова бар ин, тибқи маълумоти вазорат, ин гурӯҳ бояд бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, пости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, иншооти маъмурии сохторҳои давлатӣ ва шоҳроҳи асосиро мавриди ҳамла қарор медод.
Вазорат дар изҳороташ таъйид намуд, ки рӯзи 18 май дар зимни ноамниҳо дар ноҳияи Рӯшон як афсар кушта ва 13 низомии дигар захмӣ шудаанд.
Дар хабари вазорат теъдоди кушташудагон аз ҷониби ғайринизомиҳо ҳамоно 8 нафар арзёбӣ мешавад, ҳарчанд дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз 21 кушташуда гузориш мешавад.
Нооромиҳо дар ВМКБ аз моҳи ноябри соли 2021, баъди куштани як сокини ноҳияи Роштқалъа зимни амалиёти боздошт оғоз шуда буданд. Сокинони маҳаллӣ бо баргузории ҳамоиш аз мақомот таҳқиқи мунсифонаи қазия ва муҷозоти омилони марги сокинони мулкиро талаб карданд.