https://sputnik.tj/20221008/sughd-korkhona-nav-sanoat-kor-1051978429.html
Дар вилояти Суғд 5 корхонаи нави саноатӣ ба кор даромад
Дар вилояти Суғд 5 корхонаи нави саноатӣ ба кор даромад
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” эълон шуда, дар кишвар стратегияи миллӣ – индустрикунонии ҷумҳурӣ амалӣ мегардад
2022-10-08T11:10+0500
2022-10-08T11:10+0500
2022-10-08T13:11+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
суғд
саноат
истеҳсолоти саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102688/67/1026886740_0:320:3073:2048_1920x0_80_0_0_969ecb9af372cbd3a87a6435bd5cd1dc.jpg
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Соли 2022 дар шаҳри Гулистон 5 корхонаи нави истеҳсолӣ таъсис дода шуд. Умуман, соли ҷорӣ сохта ба истифода додани 6 корхонаи нави саноатӣ пешбинӣ карда шуда буд. Ҳаҷми умумии савдои чакана ва яклухт дар давраи аз моҳи январ то сентябри соли 2022 дар шаҳр ба 145,2 миллион сомонӣ расид. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 100,1 фоизро ташкил дод. Корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистони вилояти Суғд дар 9 моҳи соли 2022 ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Ин нишондод 171,1 миллион сомонӣ зиёд шуда, 105%-ро ташкил дод. Чунин маълумотҳо дар маҷлиси машваратӣ оид ба ҷамъбасти нуҳмоҳаи тараққиёти иҷтимоию иқтисодии шаҳр баён карда шуданд. Ёдовар мешавем, ки дар шаш моҳи соли 2022 корхонаҳои саноатии Гулистон ба маблағи 2,5 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ саҳми корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар вилояти Суғд 22,7 фоизро ташкил дод. Гулистон аз шаҳрҳои саноатии шимоли Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки онро ҳатто “шаҳри миллиардер” ҳам ном мебаранд.Ин шаҳр дорои ҳудуди 30 корхонаи хурду бузурги саноатӣ аст. Гулистонро шаҳри донор ҳам ном мегиранд, ки барои таъмини хароҷоти буҷаи шаҳру навоҳии субвенсионии Суғд маблағ интиқол дода мешавад.Бар пояи иттилоъи масъулини ҳукумати Суғд аз 18 шаҳру навоҳии ин вилоят 11 тои он субвенсионӣ маҳсуб мешавад.
https://sputnik.tj/20220718/shahri-millirder-guliston-istehsoli-mahsulot-1050081568.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102688/67/1026886740_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_c04d72ab1bfd42dca933ea65d2b653da.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суғд корхона саноатӣ кор
Дар вилояти Суғд 5 корхонаи нави саноатӣ ба кор даромад
11:10 08.10.2022 (Навсозишуда: 13:11 08.10.2022) Дар Тоҷикистон солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” эълон шуда, дар кишвар стратегияи миллӣ – индустрикунонии ҷумҳурӣ амалӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Соли 2022 дар шаҳри Гулистон 5 корхонаи нави истеҳсолӣ таъсис дода шуд.
Умуман, соли ҷорӣ сохта ба истифода додани 6 корхонаи нави саноатӣ пешбинӣ карда шуда буд.
Ҳаҷми умумии савдои чакана ва яклухт дар давраи аз моҳи январ то сентябри соли 2022 дар шаҳр ба 145,2 миллион сомонӣ расид.
Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 100,1 фоизро ташкил дод.
Корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистони вилояти Суғд дар 9 моҳи соли 2022 ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Ин нишондод 171,1 миллион сомонӣ зиёд шуда, 105%-ро ташкил дод.
Чунин маълумотҳо дар маҷлиси машваратӣ оид ба ҷамъбасти нуҳмоҳаи тараққиёти иҷтимоию иқтисодии шаҳр баён карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар шаш моҳи соли 2022 корхонаҳои саноатии Гулистон ба маблағи 2,5 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ саҳми корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар вилояти Суғд 22,7 фоизро ташкил дод.
Гулистон аз шаҳрҳои саноатии шимоли Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки онро ҳатто “шаҳри миллиардер” ҳам ном мебаранд.
Ин шаҳр дорои ҳудуди 30 корхонаи хурду бузурги саноатӣ аст. Гулистонро шаҳри донор ҳам ном мегиранд, ки барои таъмини хароҷоти буҷаи шаҳру навоҳии субвенсионии Суғд маблағ интиқол дода мешавад.
Бар пояи иттилоъи масъулини ҳукумати Суғд аз 18 шаҳру навоҳии ин вилоят 11 тои он субвенсионӣ маҳсуб мешавад.