Шаҳри миллиардер: дар Гулистон истеҳсоли маҳсулот ба беш аз 2,5 миллиард сомонӣ расид

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПредприятие "Вахдат" по производству носков в Таджикистане
Предприятие Вахдат по производству носков в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2022
Обуна шудан
Корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба беш аз 2,5 миллиард сомонӣ расонидаанд
ДУШАНБЕ, 18 июл – Sputnik. Раъно Ҳошимзода, раиси шаҳри Гулистон бо ироаи ин иттилоъ дар нишасти матбуотӣ афзуд, ки ин рақам назар ба нақшаи муқарраршудаи истеҳсолӣ 51,2 миллион сомонӣ зиёд аст.

“Корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 2 миллиарду 523,2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд. Ҳаҷми нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ба андозаи 102,1 дарсад ба иҷро расонида шудааст” – таъкид кард, раиси Гулистон.

Ба ин тартиб ҳиссаи қиёсии корхонаҳои саноатии Гулистон дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии Суғд 22,7 дарсадро ташкил намудааст.
Дар давоми шаш моҳи соли 2022 ба қисми даромади буҷаи давлатӣ 130 миллион сомонӣ маблағ ворид шудааст, ки ин рақам ба андозаи 107 дарсад иҷро шудааст.
Сотрудник предприятия ООО Бактрия Слейт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2022
Мақомот гуфтанд, дар шаш моҳ чанд корхона дар кишвар фаъолият накард
Раиси Гулистон гуфт, нақшаи даромади буҷети шаҳр 30,3 миллион сомонӣ буда, амалан 35 миллион сомонӣ ба иҷро расонида шудааст.
Бино ба иттилоъи шаҳрдорӣ дар давраи ҳисоботи ба иқтисодиёти шаҳр 125,3 миллион сомонӣ инвеститсияҳо, аз ҷумла 53,9 миллион сомонӣ инвеститсияҳои хориҷӣ ва 71,3 миллион сомонӣ инвеститсияҳои дохилӣ ҷалб карда шудааст.
Гулистон аз шаҳрҳои саноатии шимоли Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки онро ҳатто “шаҳри миллиардер” ҳам ном мебаранд.
Ин шаҳр дорои ҳудуди 30 корхонаи хурду бузурги саноатӣ аст. Гулистонро шаҳри донор ҳам ном мегиранд, ки барои таъмини хароҷоти буҷаи шаҳру навоҳии субвенсионии Суғд маблағ интиқол дода мешавад.
Бар пояи иттилоъи масъулини ҳукумати Суғд аз 18 шаҳру навоҳии ин вилоят 11 тои он субвенсионӣ маҳсуб мешавад.
Лентаи хабарҳо
0