https://sputnik.tj/20220818/pisar-jahonpahlavon-tojik-odamkushi-muttaham-1050790763.html
Писари ҷаҳонпаҳлавони тоҷик дар одамкушӣ муттаҳам мешавад
Писари ҷаҳонпаҳлавони тоҷик дар одамкушӣ муттаҳам мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Дар сурати тасдиқи айбдорӣ аз ҷониби додгоҳ, Раҳимовро бар асоси моддаҳои мазкур аз 10 то 15 соли маҳрумият аз озодӣ ё ҳабси якумра интизор аст.
2022-08-18T12:06+0500
2022-08-18T12:06+0500
2022-08-18T12:54+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
вкд
дар тоҷикистон
боздошт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102624/17/1026241776_0:0:963:541_1920x0_80_0_0_e65e51e6a570532f5707c0ae8fb0f8ee.jpg
ДУШАНБЕ, 18 авг – Sputnik. Раҳимов Саидаҳмад Раҳимович фарзанди паҳлавони шинохта Саймумин Раҳимов боздошт шудааст.Ӯ 22 сол дошта, аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохила бо иттиҳоми куштор дастгир шудааст.Тибқи иттилои гузориши ин ниҳод, Раҳимов дар куштори сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб Маҳаммадҷовид Зокирзода, ки шинос буд, гумонбар дониста мешавад.Ба иттилои манбаъ, ҳодиса санаи 5 август сар зада, мақомот сабаби онро нофаҳмиҳо дар пайи додугирифти молиявӣ унвон кардаанд.Гуфта мешавад, ки Раҳимов Зокирзода пас аз нофаҳмии ночизе ба наздаш хонда бо 17 зарби корд аз ҳаёт маҳрум сохтааст.“Вақте гарданамро дошт, талош кардам, ки халос кунам, сар надод. Баъдан чанд зарба дар шикам ва пойҳояш (бо корд-ред) то сар доданаш задам. Сар, ки дод, даруни об ғалтидам ва ҳангоми баромадан дидам, ки ӯ нишасту хун меравад, аз роҳи дигар рафтам”, - гуфт, Раҳимов зимни бозпурсӣ ба кормандони пулис.ВУД мегӯяд боздоштшуда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, вобаста ба ҳолати мазкур алайҳи боздоштшуда, алайҳаш бо моддаи 104, қ. 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Дар сурати тасдиқи айбдорӣ аз ҷониби додгоҳ, Раҳимовро бар асоси моддаҳои болозикр аз 10 то 15 соли маҳрумият аз озодӣ ё ҳабси якумра интизор аст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102624/17/1026241776_99:0:820:541_1920x0_80_0_0_cde72d807aea9a96115f9147e001d530.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
писар ҷаҳонпаҳлавон тоҷик одамкушӣ муттаҳам
писар ҷаҳонпаҳлавон тоҷик одамкушӣ муттаҳам
Писари ҷаҳонпаҳлавони тоҷик дар одамкушӣ муттаҳам мешавад
12:06 18.08.2022 (Навсозишуда: 12:54 18.08.2022) Дар сурати тасдиқи айбдорӣ аз ҷониби додгоҳ Раҳимовро бар асоси қонунгузории ҷиноии кишвар, аз 10 то 15 соли маҳрумият аз озодӣ ё ҳабси абад интизор аст
ДУШАНБЕ, 18 авг – Sputnik. Раҳимов Саидаҳмад Раҳимович фарзанди паҳлавони шинохта Саймумин Раҳимов боздошт шудааст.
Ӯ 22 сол дошта, аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохила бо иттиҳоми куштор дастгир шудааст.
Тибқи иттилои гузориши ин ниҳод, Раҳимов дар куштори сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб Маҳаммадҷовид Зокирзода, ки шинос буд, гумонбар дониста мешавад.
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса санаи 5 август сар зада, мақомот сабаби онро нофаҳмиҳо дар пайи додугирифти молиявӣ унвон кардаанд.
Гуфта мешавад, ки Раҳимов Зокирзода пас аз нофаҳмии ночизе ба наздаш хонда бо 17 зарби корд аз ҳаёт маҳрум сохтааст.
“Вақте гарданамро дошт, талош кардам, ки халос кунам, сар надод. Баъдан чанд зарба дар шикам ва пойҳояш (бо корд-ред) то сар доданаш задам. Сар, ки дод, даруни об ғалтидам ва ҳангоми баромадан дидам, ки ӯ нишасту хун меравад, аз роҳи дигар рафтам”, - гуфт, Раҳимов зимни бозпурсӣ ба кормандони пулис.
ВУД мегӯяд боздоштшуда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, вобаста ба ҳолати мазкур алайҳи боздоштшуда, алайҳаш бо моддаи 104, қ. 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Дар сурати тасдиқи айбдорӣ аз ҷониби додгоҳ, Раҳимовро бар асоси моддаҳои болозикр аз 10 то 15 соли маҳрумият аз озодӣ ё ҳабси якумра интизор аст.