https://sputnik.tj/20221008/aksenov-tamir-pulm-qrim-1051987414.html
Аксенов дар бораи таъмири пули Қрим гуфт: мусофирбарӣ бо фаробар оғоз шуд
Аксенов дар бораи таъмири пули Қрим гуфт: мусофирбарӣ бо фаробар оғоз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Корҳои барқарорсозӣ дар пули Қрим пас аз анҷоми амалиёти тафтишотӣ оғоз шуда, таъмир аллакай рӯзи шанбеи 8 октябр сар мешавад
2022-10-08T17:20+0500
2022-10-08T17:20+0500
2023-02-08T19:45+0500
сергей аксенов
қрим
пул
таъмир
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/08/1051985398_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_dee4524ac2c41aa5024d0bb2260a10e7.jpg
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Барқарорсозии пули Қрим рӯзи шанбе, замоне оғоз мешавад, ки маъмурони интизомӣ корашонро анҷом медиҳанд. Дар ин бора раиси вилоят Сергей Аксенов дар шабакаи телеграми худ хабар додааст."Корҳои барқарорсозии пули Қрим бидуни кашолкорӣ сурат хоҳанд гирифт. Мо имрӯз баробари анҷоми кори Кумитаи тафтишот ва Хадамоти федеролии амният оғоз мекунем", - навиштааст ӯ.Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, рӯзи шанбеи 8 октябр ҳаракати фаробари мусофирбарӣ тавассути Керч ба роҳ монда мешавад. Аз Керч ба бандари Кавказ гузаргохи фаробарӣ cap мешавад ва ҳоло ду то ба истифода дода шуда истодааст. Ба гуфтаи Николай Лукашенко, иҷрокунандаи вазифаи вазири нақлиёти Қрим, ҳаво ба ин имкон медиҳад. Инчунин дар байни Қрим ва кишвари Краснодар киштиҳои дорои зарфияти миёнаи тақрибан 100 ва бештар аз он барои интиқоли мусофирон ба роҳ монда мешаванд, гуфт иҷрокунандаи вазифаи вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Николай Лукашенко. Мақомот гуфтанд, ки тиҷорати сайёҳӣ бо чораҳои дастгирӣ таъмин хоҳад шуд. "Ростуризм" кӯшиш мекунад, ки меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳо дар Қримро барои будубоши меҳмонон ройгон дароз кунад. Кумитаи миллии зиддитеррористӣ хабар дод, ки субҳи 8 октябр як мошини боркаш дар болои пули Қрим мунфаҷир шуд. Ин ҳодиса боиси сӯхтори ҳафт бушкаи сӯзишвории қатор шуд, ки дар натиҷа қисман фурӯ рехтани роҳ низ ба амал омад.Ҳаракати нақлиёт дар пули Қрим қатъ шудааст. Дар робита ба вазъи фавқулода комиссияи ҳукуматӣ таъсис ёфт, ки ба он муовини сарвазири Федератсияи Русия Марат Хуснуллин раҳбарӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20221008/pul-qrim-infijor-video-hodisa-1051981471.html
қрим
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/08/1051985398_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_c26b0feeb3e5f5fb32123cc9c6634757.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аксенов таъмир пулм қрим
Аксенов дар бораи таъмири пули Қрим гуфт: мусофирбарӣ бо фаробар оғоз шуд
17:20 08.10.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Корҳои барқарорсозӣ дар пули Қрим пас аз анҷоми амалиёти тафтишотӣ оғоз шуда, таъмир аллакай рӯзи шанбеи 8 октябр сар мешавад
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Барқарорсозии пули Қрим рӯзи шанбе, замоне оғоз мешавад, ки маъмурони интизомӣ корашонро анҷом медиҳанд.
Дар ин бора раиси вилоят Сергей Аксенов дар шабакаи телеграми худ хабар додааст.
"Корҳои барқарорсозии пули Қрим бидуни кашолкорӣ сурат хоҳанд гирифт. Мо имрӯз баробари анҷоми кори Кумитаи тафтишот ва Хадамоти федеролии амният оғоз мекунем", - навиштааст ӯ.
Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, рӯзи шанбеи 8 октябр ҳаракати фаробари мусофирбарӣ тавассути Керч ба роҳ монда мешавад.
"То охири рӯз ба эҳтимоли зиёд як хатсайри фаробари мошинҳо низ боз мешавад", - гуфт Аксенов.
Аз Керч ба бандари Кавказ гузаргохи фаробарӣ cap мешавад ва ҳоло ду то ба истифода дода шуда истодааст.
Ба гуфтаи Николай Лукашенко, иҷрокунандаи вазифаи вазири нақлиёти Қрим, ҳаво ба ин имкон медиҳад.
Инчунин дар байни Қрим ва кишвари Краснодар киштиҳои дорои зарфияти миёнаи тақрибан 100 ва бештар аз он барои интиқоли мусофирон ба роҳ монда мешаванд, гуфт иҷрокунандаи вазифаи вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Николай Лукашенко.
Мақомот гуфтанд, ки тиҷорати сайёҳӣ бо чораҳои дастгирӣ таъмин хоҳад шуд.
"Ростуризм" кӯшиш мекунад, ки меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳо дар Қримро барои будубоши меҳмонон ройгон дароз кунад.
Кумитаи миллии зиддитеррористӣ хабар дод, ки субҳи 8 октябр як мошини боркаш дар болои пули Қрим мунфаҷир шуд.
Ин ҳодиса боиси сӯхтори ҳафт бушкаи сӯзишвории қатор шуд, ки дар натиҷа қисман фурӯ рехтани роҳ низ ба амал омад.
Ҳаракати нақлиёт дар пули Қрим қатъ шудааст. Дар робита ба вазъи фавқулода комиссияи ҳукуматӣ таъсис ёфт, ки ба он муовини сарвазири Федератсияи Русия Марат Хуснуллин раҳбарӣ мекунад.