https://sputnik.tj/20221007/qatiyat-khos-rahmon-khislat-putin-1051955399.html
Раҳмон хислатҳои неки Путинро ном бурду ба русиягиҳо амониро орзу кард
Раҳмон хислатҳои неки Путинро ном бурду ба русиягиҳо амониро орзу кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёмаш ба муносибати солгарди мавлуди президенти Русия аз сифоти неки ӯ ёд карда, таманниёташро баён доштаст
2022-10-07T10:15+0500
2022-10-07T10:15+0500
2023-02-08T19:45+0500
дар тоҷикистон
владимир путин
сиёсат
паём
зодрӯз
шодбошӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1d/1044490679_0:0:3035:1708_1920x0_80_0_0_2aa879d316bba1634c6e2a17b00196e6.jpg
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли паём ҳамтои русиягияш, Владимир Путинро бо зодрӯзаш шодбош гуфтаст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Раҳмон дар паёмаш ба Путин аз ӯ чун сарвари қавӣ, хирадманд ва матинирода тавсиф кардааст. Раисҷумҳури Тоҷикистон изҳор доштаст, ки барои Путин қатъият дар ҳифзи манфиатҳои миллии давлаташ хос аст. Дар идома ба хизматҳои муҳими Путин дар таъмиқи муназзами муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Русия баҳои баланд дода шудаст. "Мо ба сатҳи бадастомадаи муносибатҳои шарикии стратегӣ бо Русияи ба мо наздик арҷ мегузорем ва дар оянда барои густариши самтҳои ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар бар нафъи мардумонамон тамоми кӯшиши заруриро ба харҷ медиҳем", - таъкид кардаст Раҳмон. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар солгарди зодрӯзи Путин ба ӯ саломатии бардавом, саодатмандӣ, умри дароз ва дастовардҳои нав баҳри рифоҳи Русия таманно кардааст. Дар зимн барои русиягиҳо сулҳу амонӣ ва пешрафти устувор таманно намудаст.
https://sputnik.tj/20221007/emomali-rahmon-sankt-peterburg-1051954998.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1d/1044490679_202:0:2933:2048_1920x0_80_0_0_db411d053c701e1561e6f9f99c9f1a01.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон, путин, таманниёт, зодрӯз
раҳмон, путин, таманниёт, зодрӯз
Раҳмон хислатҳои неки Путинро ном бурду ба русиягиҳо амониро орзу кард
10:15 07.10.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёмаш ба муносибати солгарди мавлуди президенти Русия аз сифоти неки ӯ ёд карда, таманниёташро баён доштаст
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли паём ҳамтои русиягияш, Владимир Путинро бо зодрӯзаш шодбош гуфтаст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Раҳмон дар паёмаш ба Путин аз ӯ чун сарвари қавӣ, хирадманд ва матинирода тавсиф кардааст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон изҳор доштаст, ки барои Путин қатъият дар ҳифзи манфиатҳои миллии давлаташ хос аст.
"Дар ин робита мехоҳам саҳми беандозаи Шуморо дар кори рушд ва шукуфоии Русия, инчунин таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ зикр намоям", - омадааст дар паёми шодбошӣ.
Дар идома ба хизматҳои муҳими Путин дар таъмиқи муназзами муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Русия баҳои баланд дода шудаст.
"Мо ба сатҳи бадастомадаи муносибатҳои шарикии стратегӣ бо Русияи ба мо наздик арҷ мегузорем ва дар оянда барои густариши самтҳои ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар бар нафъи мардумонамон тамоми кӯшиши заруриро ба харҷ медиҳем", - таъкид кардаст Раҳмон.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар солгарди зодрӯзи Путин ба ӯ саломатии бардавом, саодатмандӣ, умри дароз ва дастовардҳои нав баҳри рифоҳи Русия таманно кардааст. Дар зимн барои русиягиҳо сулҳу амонӣ ва пешрафти устувор таманно намудаст.