Эмомалӣ Раҳмон озими Санкт-Петербург шуд

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкЭмомали Рахмон, архивное фото
Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2022
Обуна шудан
Мулоқоти ғайрирасмии роҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Русия дар ҳолест, ки ҳафтаи оянда низ дар Остона нишасташон дар назар аст
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, раиси Маҷлиси миллӣ, Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси намояндагон, Маҳмадтоир Зокирзода, сарвазири Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Ҳамроҳи президент ба Санкт-Петербург, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин, ёрдамчии раисҷумҳур дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2022
Лавров: Аз дахолати ИМА ба сиёсати дохилӣ ҳеҷ як кишвари ИДМ кафолат надорад
Маврид ба зикр аст, ки мулоқоти ғайрирасмии роҳбарони кишварҳои ИДМ ташаббуси раисҷумҳури Русия, Владимир Путин мебошад.
Ба гуфтаи сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков, мулоқот дар Қасри Константиновский баргузор мешавад. Ӯ онро як рӯйдоди хеле муҳим дар заминаи омодагӣ ба нишасти ҳафтаи ояндаи ИДМ хонд.
Нишасти ояндаи роҳбарони кишварҳои узви ИДМ рӯзҳои 14 октябр дар шаҳри Остона дар назар аст.
Охирин мулоқоти ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои ИДМ соли 2021 ҳамчунин дар Санкт-Петербург баргузор шуда буд. Он замон Путин пеш аз Соли нав – 28 декабр ҳамтоёни худро ба пойтахти шимолӣ даъват кард.
Лентаи хабарҳо
0