Президенти Қирғизистон ба мулоқоти сарони ИДМ намеравад

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкрезидент Киргизии Садыр Жапаров
резидент Киргизии Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2022
Обуна шудан
Ҷониби Қирғизистон ба мулоқот дар шаҳри Санкт-Петербург котиби давлатияшро мефиристад, ки интизор меравад, раисҷумҳури Русияро бо зодрузаш табрик кунад
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Президенти Қирғизистон, Содир Ҷабборов ба мулоқоти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербург иштирок нахоҳад кард.
Дар ин бора котиби давлатии раисҷумҳури Қирғизистон, Эрбол Султанбаев хабар дода, далелашро реҷаи кори президент арзёбӣ кардааст.
"Ба далели реҷаи корӣ, президент Ҷабборов дар мулоқоти ғайрирасмии роҳбарони кишварҳои узви ИДМ дар Санкт-Петербург иштирок нахоҳад кард", - гуфтаст сухангӯ.
Вай афзудаст, ки барои расондани паёми президенти Қирғизистон ба муносибати солгарди мавлуди раисҷумҳури Русия, Владимир Путин, Бишкек котиби давлатӣ Суйунбек Касмамбетовро мефиристад.
Маврид ба зикр аст, ки мулоқоти ғайрирасмии роҳбарони кишварҳои ИДМ, ки нимаи рӯзи 7 октябр дар назар аст, ташаббуси раисҷумҳури Русия мебошад.
Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2022
Эмомалӣ Раҳмон озими Санкт-Петербург шуд
Ба гуфтаи сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков, мулоқот дар Қасри Константиновский баргузор мешавад. Ӯ онро як рӯйдоди хеле муҳим дар заминаи омодагӣ ба нишасти ҳафтаи ояндаи ИДМ хонд.
Нишасти ояндаи роҳбарони кишварҳои узви ИДМ 14 октябр дар шаҳри Остона дар назар аст.
Охирин мулоқоти ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои ИДМ соли 2021 ҳамчунин дар Санкт-Петербург баргузор шуда буд. Он замон Путин пеш аз Соли нав - 28 декабр ҳамтоёни худро ба пойтахти шимолӣ даъват кард.
Лентаи хабарҳо
0