Пешниҳоди Тоҷикистон барои Сандуқи байналмилалии ҳифозат аз пиряхҳо

© Sputnik / Ратушенко / Гузариш ба медиабонкЛедники на Памире, архивное фото
Ледники на Памире, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2022
Обуна шудан
Тоҷикистон дар конфронси муҳити зист дар Кипр хостори ҳимояи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои номгузории соли 2025 ба унвони соли байналмилалии ҳифозат аз пиряхҳои табиӣ шуд
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар чорчӯби нуҳумин конфронси вазирони муҳити зист, ки дар рӯзҳои 5 то 7 октябр дар Никосия (Кипр) дар ҳоли баргузорӣ аст, хостори эҷоди Сандуқи байналмилалии ҳифозат аз пиряхҳои табиӣ шуд.
Вай гуфт, масоили марбут ба об шудани пиряхҳои табиӣ дар мавзуи тағйироти иқлимӣ ба далели гарм шудани замин аз аҳамияти ҳаётӣ бархӯрдор аст.
Оқои Шерализода афзуд, бо вуҷуди интишори ҳаддиақали газҳои гулхонаӣ, Тоҷикистон яке аз осебпазиртарин кишварҳо дар баробари асароти тағйироти обуҳавоӣ аст ва ба ҳамин хотир қасд дорад бо истифода аз таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ ва пуштибонии фаннии шуракои тавсеа, рӯйи барӯзрасонии Китоби Сурхи ҷумҳурӣ кор кунад.
Горы Памира - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2022
Бонги хатар: Тоҷикистон аз обшавии босуръати пиряхҳо ҳушдор дод
Китоби Сурхи Тоҷикистон як санади расмии давлатӣ аст, ки иттилооте дар мавриди гунаҳои нодири гиёҳӣ ва ҷонварии Тоҷикистон, ки ниёз ба ҳифозат доранд, дар он гирдоварӣ шудааст.
Ҳамчунин дар ин конфронс тавваҷуҳи вижае ба натоиҷи сеюмин баррасии амалкарди зистмуҳитии Тоҷикистон шуд.
Лентаи хабарҳо
0