https://sputnik.tj/20220713/tojikiston-obshavi-piryakh-1049967594.html
Бонги хатар: Тоҷикистон аз обшавии босуръати пиряхҳо ҳушдор дод
Бонги хатар: Тоҷикистон аз обшавии босуръати пиряхҳо ҳушдор дод
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон аз тағйироти табиӣ ба таври ҷиддӣ нигарон аст - обшавии пиряхҳо ба бисёр бахшҳои иқтисодиёт ва кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонад
2022-07-13T17:21+0500
2022-07-13T17:21+0500
2022-07-13T18:08+0500
дар тоҷикистон
экология
обшавии пиряхҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102676/83/1026768306_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_0ca486c3cce39e653206908ba5a7638d.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Раванди обшавии пиряхҳоро дар Тоҷикистон наметавон бозгардонд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ хабар доданд. Дар баробари ин нақшаи ҷиддии чорабиниҳо оид ба пешгирии ин офати табиӣ гуфта нашуд.Дар 30 соли ахир Тоҷикистон беш аз 1000 пиряхро аз даст додааст. Ин рақамҳоро муовини аввали раиси Вазорати энергетикаи кишвар Ҷамшед Шоимзода эълон кард.Русия ба Тоҷикистон дар ҳалли як мушкили шадид кумак хоҳад кард"Дар се даҳаи ахир мо пиряхҳои хурди зиёдеро аз даст додем. Ва ин барои мо на танҳо таъмини оби ошомиданӣ, балки манбаи нерӯи барқ ҳам аст", - гуфт Шоимзода. Вобаста ба ин, минтақа баъзан бо мушкилоти ҷиддитарин – на танҳо дар соҳаи энергетика, балки дар бахши кишоварзӣ низ рӯбарӯ мешавад, қайд кард муовини вазир дар конгресси байналмилалии "Гидроэнергетика. Осиёи Марказӣ ва Каспий".Таваҷҷуҳи Тоҷикистон ба таҷрибаи Русия дар масъалаи назорат ва ҳифзи пиряхҳо Ба гуфтаи ӯ, иқдомоти Тоҷикистон дар бунёди сарбандҳо ба ҷамъоварии захираҳои об на танҳо барои ниёзҳои кишвар, балки барои амнияти тамоми минтақа нигаронида шудааст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102676/83/1026768306_91:0:1911:1365_1920x0_80_0_0_e0c26d61902d9179c069855d935a0374.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, обшавии босуръат, пирях,
тоҷикистон, обшавии босуръат, пирях,
Бонги хатар: Тоҷикистон аз обшавии босуръати пиряхҳо ҳушдор дод
17:21 13.07.2022 (Навсозишуда: 18:08 13.07.2022) Тоҷикистон аз тағйироти табиии обуҳаво ба таври ҷиддӣ нигарон аст, зеро обшавии пиряхҳо ба бисёре аз бахшҳои иқтисоду кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонад
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Раванди обшавии пиряхҳоро дар Тоҷикистон наметавон бозгардонд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ хабар доданд.
"Илоҷи боздоштани обшавии пиряхҳо вуҷуд надорад, аммо бо шинондани дарахтҳо ва кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ оқибатҳои ин офатро метавон коҳиш дод", - гуфт муовини аввали раиси ин идора зимни нишасти хабарии ҳисоботӣ Зарафо Қиёмзода.
Дар баробари ин нақшаи ҷиддии чорабиниҳо оид ба пешгирии ин офати табиӣ гуфта нашуд.
Дар 30 соли ахир Тоҷикистон беш аз 1000 пиряхро аз даст додааст.
Ин рақамҳоро муовини аввали раиси Вазорати энергетикаи кишвар Ҷамшед Шоимзода эълон кард.
"Дар се даҳаи ахир мо пиряхҳои хурди зиёдеро аз даст додем. Ва ин барои мо на танҳо таъмини оби ошомиданӣ, балки манбаи нерӯи барқ ҳам аст", - гуфт Шоимзода.
Вобаста ба ин, минтақа баъзан бо мушкилоти ҷиддитарин – на танҳо дар соҳаи энергетика, балки дар бахши кишоварзӣ низ рӯбарӯ мешавад, қайд кард муовини вазир дар конгресси байналмилалии "Гидроэнергетика. Осиёи Марказӣ ва Каспий".
Ба гуфтаи ӯ, иқдомоти Тоҷикистон дар бунёди сарбандҳо ба ҷамъоварии захираҳои об на танҳо барои ниёзҳои кишвар, балки барои амнияти тамоми минтақа нигаронида шудааст.