Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Нотаи Душанбе ба сафири Қирғизистон баъди интиқод аз орденгирии Эмомалӣ Раҳмон

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкМинистерство иностранных дел Таджикистана в Душанбе
Министерство иностранных дел Таджикистана в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2022
Обуна шудан
Сафири Қирғизистон дар Душанбе ба Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон даъват гардида, дар мавриди изҳороти номатлуби мақомдори Бишкек гӯшзад шудаст
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Душанбе дар робита ба изҳороти котиби матбуотии Вазорати умури хориҷии Қирғизистон сафири ин кишвар дар Тоҷикистонро эҳзор кардаст.
Ба иттилои ВУХ Тоҷикистон, ба сафир Эрлан Абдилбоев нотаи эътирозӣ дода шуд.
Мояи норозигии Душанбе, интиқоди ахири котиби матбуотии ВУХ Қирғизистон, Чингиз Кустебоев аз додани орден ба раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз сӯи ҳамтои русиягияш, Владимир Путин шудаст. Ӯ зимни шарҳе тақдими орденро дар пасманзари даргириҳои охири марзӣ мавриди танқид қарор додаст.
Ҷониби Тоҷикистон чунин шарҳу изҳоротро хилофи санадҳои ҷонибҳо хондаст, ки рӯзҳои 19 ва 25 сентябри соли равон дар пайи даргирии марзӣ имзо шудаанд.
Флаги стран-участниц ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Истиқболи СААД аз бардоштани посгоҳҳо дар минтақаҳои баҳсии Тоҷикистону Қирғизистон
Маврид ба зикр аст, ки раиси КДАМ Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов ва ҳамтои қирғизаш, Қамчибек Тошиев 25 сентябри соли равон санади қатъи низоъ дар марзро ба имзо расонданд.
Ятимов ин санадро "ғайринизомисоз" гуфта, таъкид намуд, ки сулҳу оромӣ дар замини тоҷикону қирғизҳо замоне фаро мерасад, ки ҳамаи асноди имзошуда амалӣ гарданд.
Раиси КДАМ Тоҷикистон афзуд, расонаҳо, сиёсатмадорону блогерони алоҳидаро зарур аст, ки зимни инъикоси масоили марзӣ эҳтиёткор бошанд, чун ҳар ҳарфи ноҷо метавонад корро халалдор кунад.
Даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон нимаи моҳи сентябр авҷ гирифта, аз ҳарду ҷониб садҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар сар задани ин даргирӣ муттаҳам мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0