Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Истиқболи СААД аз бардоштани посгоҳҳо дар минтақаҳои баҳсии Тоҷикистону Қирғизистон

© Foto / Хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи Русия / Гузариш ба медиабонкФлаги стран-участниц ОДКБ
Флаги стран-участниц ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2022
Обуна шудан
СААД изҳори умед кардааст, ки санади имзошуда миёни Тоҷикистону Қирғизистон амалӣ гардида, дар сарҳад сулҳу якдигарфаҳмӣ барқарор мешавад
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Намондани посгоҳҳо дар минтақаҳои баҳсии Тоҷикистону Қирғизистон ба вазъият дар марз мусбат таъсир хоҳад кард.
Ин нуктаро СААД бо нашри як паём ба истиқбол аз имзои санади марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон баён дошт.
"Санади мазкур барои роҳ надодан ба моҷаро, пешгирии даргириҳо, таъмини амнияту сулҳ дар минтақаҳои марзӣ қабул шудаст", - омадааст дар иттилоия.
Созмон таъкид намудаст, ки истифодаи зӯрӣ дар ҳалли масоили марзӣ номақбул буда, нофаҳмиҳо бояд қатъан бо роҳи дипломатӣ - сиёсӣ бартараф гарданд.
Саймуъмин Ятимов, раиси КДАМ Тоҷикистон дар пайи имзои санади қатъи низоъ дар марз бо ҳамтои қирғизаш, Қамчибек Тошиев, ин ҳуҷҷатро як навъ "ғайринизомисоз" унвон карда, афзуд, ки он чораҳои қатъиро фаро мегирад.
Ӯ гуфт, сулҳу оромӣ дар замини тоҷикону қирғизҳо замоне фаро мерасад, ки ҳамаи асноди имзошуда амалӣ гарданд.
Дар доираи ин санад 4 постгоҳӣ аз ҳарду ҷониб дар минтақаҳое, ки он ҷо асосан даргирӣ сурат мегирад, бардошта мешаванд.
Министр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Музокироти 20-солаи марзӣ: Дипломати тоҷик мушкили тавофуқот бо Бишкекро гуфт
Ду моҳ муҳлат дода шуд, ки дар минтақаҳои баҳсии наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон дурбинҳои назоратӣ насб карда шаванд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз муайяну аломатгузорӣ нашудааст. Ин номуайянӣ мунтазам боиси низоъ ва хунрезӣ дар марз мегардад.
Даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон 16 сентябр авҷ гирифт, ки садҳо куштаю маҷруҳро аз ҳарду ҷониб бар ҷой гузошт.
Лентаи хабарҳо
0