https://sputnik.tj/20221007/mavlavi-amonuddin-badakhshon-taghyiroti-kadri-1051959154.html
Мавлавӣ Амонуддин ба Бадахшон баргашт: тағйироти кадрӣ дар ҳукумати толибҳо
Мавлавӣ Амонуддин ба Бадахшон баргашт: тағйироти кадрӣ дар ҳукумати толибҳо
Sputnik Тоҷикистон
Волии нави Бадахшони Афғонистон аз моҳи ноябри соли гузашта ба ин сӯ ба ҳайси қумандони нерӯҳои ҳавоии ҳукумати толибҳо фаъолият дошт
2022-10-07T13:35+0500
2022-10-07T13:35+0500
2022-10-07T13:35+0500
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
толиб
таъйинот
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/06/1042683774_0:94:1000:657_1920x0_80_0_0_87a005737612d64818f128461a20c7ff.jpg
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Мавлавӣ Амонуддин Мансур аз вазифаи фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии ҳукумати толибҳо барканор ва ба мақоми волии нави Бадахшон таъйин гардидаст. Қарор дар бораи таъйиноти мазкурро Ҳибатуллоҳ Охундзода, амири толибҳо ба имзо расондаст. Мавлавӣ Амониддин волии қаблӣ ва аввалини толибҳо дар Бадахшон буд, ки тирамоҳи соли гузашта аз вазифа барканор шуду муовини фармондеҳи гарнизони Мазори Шариф таъйин гардид. Ин таъйинот боиси норозигии ӯ шуда буду роҳбарияти толибҳо ба ӯ вазифаи фармондеҳии нерӯҳои ҳавоиро доданд. Мавлавӣ Амониддин, ки худ зодаи Бадахшон аст, дар мақоми волӣ Мавлавӣ Абдулғанӣ Фоиқро иваз кард. Бар асоси таъйиноти ҷадид Мавлавӣ Абдулғанӣ ба мақоми муовини вазири адлия дар бахши идорӣ ва молия таъйин гардидаст. Мавлавӣ Абдулғанӣ Фоиқ ҳудуди 56 сол дошта, аз рустои Кафтархонаи вулусволии Дароими вилояти Бадахшон аст. Мактаби ибтидоиро ӯ дар зодгоҳаш фаро гирифта, соли 1986 ба хотири фарогирии улуми динӣ ба Покистон рафтаасту он ҷо ба толибҳо пайвастаст. Бадахшони Афғонистон қариб 99% тоҷикнишин буда, аз шимол бо вилоятҳои Хатлону Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ва аз манотиқи аз лиҳози амниятӣ ҳассоси минтақа ба ҳисоб меравад.
https://sputnik.tj/20220915/saad-jobajo-jangjuyon-diish-shimol-afghoniston-1051434812.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/06/1042683774_0:0:1000:750_1920x0_80_0_0_f3c544262e271d46e5dc6dfc9449a532.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тағйирот, кадрӣ, ҳукумат, толибҳо
тағйирот, кадрӣ, ҳукумат, толибҳо
Мавлавӣ Амонуддин ба Бадахшон баргашт: тағйироти кадрӣ дар ҳукумати толибҳо
Волии нави Бадахшони Афғонистон аз моҳи ноябри соли гузашта ба ин сӯ ба ҳайси қумандони нерӯҳои ҳавоии ҳукумати толибҳо фаъолият дошт
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Мавлавӣ Амонуддин Мансур аз вазифаи фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии ҳукумати толибҳо барканор ва ба мақоми волии нави Бадахшон таъйин гардидаст.
Қарор дар бораи таъйиноти мазкурро Ҳибатуллоҳ Охундзода, амири толибҳо ба имзо расондаст.
Мавлавӣ Амониддин волии қаблӣ ва аввалини толибҳо дар Бадахшон буд, ки тирамоҳи соли гузашта аз вазифа барканор шуду муовини фармондеҳи гарнизони Мазори Шариф таъйин гардид. Ин таъйинот боиси норозигии ӯ шуда буду роҳбарияти толибҳо ба ӯ вазифаи фармондеҳии нерӯҳои ҳавоиро доданд.
Мавлавӣ Амониддин, ки худ зодаи Бадахшон аст, дар мақоми волӣ Мавлавӣ Абдулғанӣ Фоиқро иваз кард.
Бар асоси таъйиноти ҷадид Мавлавӣ Абдулғанӣ ба мақоми муовини вазири адлия дар бахши идорӣ ва молия таъйин гардидаст.
Мавлавӣ Абдулғанӣ Фоиқ ҳудуди 56 сол дошта, аз рустои Кафтархонаи вулусволии Дароими вилояти Бадахшон аст. Мактаби ибтидоиро ӯ дар зодгоҳаш фаро гирифта, соли 1986 ба хотири фарогирии улуми динӣ ба Покистон рафтаасту он ҷо ба толибҳо пайвастаст.
Бадахшони Афғонистон қариб 99% тоҷикнишин буда, аз шимол бо вилоятҳои Хатлону Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ва аз манотиқи аз лиҳози амниятӣ ҳассоси минтақа ба ҳисоб меравад.