https://sputnik.tj/20220915/saad-jobajo-jangjuyon-diish-shimol-afghoniston-1051434812.html
СААД аз ҷобаҷоии ҷангҷӯёни ДИИШ* дар шимоли Афғонистон хабар дод
СААД аз ҷобаҷоии ҷангҷӯёни ДИИШ* дар шимоли Афғонистон хабар дод
Sputnik Тоҷикистон
Гуруҳи террористии ДИИШ афроди зиёдеро бо мақсади ҳамалоти террористӣ ба қаламрави шимолии Афғонистон, ки бештар бо Тоҷикистон сарҳад дорад, интиқол додааст
2022-09-15T18:31+0500
2022-09-15T18:31+0500
2022-09-15T20:12+0500
саад
афғонистон
доиш
амният ва мудофиа
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102821/18/1028211820_0:0:1773:998_1920x0_80_0_0_ed285a0e75837fc0d40522bdccd8cf74.jpg
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ мегӯяд, ки ҷангҷӯёнии террористи ДИИШ* барои ҳамалоти террористӣ ба шимоли Афғонистон интиқол дода шудаанд.Дар ин бора Анатолий Сидеров, раиси ситоди муштараки СПАД дар як нишасти хабарӣ эълом кард.Ба гуфтаи ӯ, дар Афғонистон гурӯҳҳои террористии байнулмилалӣ фаъол шудаанд ва беш аз 400 сарбози ДИИШ* ба шимоли ин кишвар интиқол дода шудаанд. Вай бо зикри он, ки дар соли 2022 ҳудуди 250 нафар қурбони ҳамлаи террористон шудаанд, гуфт: "Фаъолияти ин гурӯҳҳо дар Афғонистон идома дорад."Дар ҳамин ҳол, ӯ афзуд, ки ҳадафи аслии ин ҳамлаҳо мақомоти баландпояи толибон будаанд.Маврид ба зикр аст, ки ҳамалоти ин гуруҳ то кунун дар қисматҳои марказии Афғонистон бештар дар масоҷид сурат мегирифт.Дар оғози қудрати толибон онҳо бештар маконҳо ҳазоранишинро ҳадаф қарор дода буданд. Ахиран дар масҷиди шаҳри Ҳирот низ бо дасти ин гуруҳ таркиши мудҳише сар зад, ки дар пайи он Муҷибурраҳмон Ансорӣ, руҳонии саршинос, ки бо изҳоротҳои тундаш машҳур аст, ҳалок шуд.Ҳамчунин ин гуруҳ масъулияти таркиш дар назди консулгарии Русия дар Кобулро ба душ гирифта буд, ки дар пайи он ду дипломат ҳалок шуд.*-созмони террористӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон ва Русия мамнуъ аст.
https://sputnik.tj/20220619/doish-masuliyat-hamla-mabad-hindu-kobul-uhda-1049325055.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102821/18/1028211820_75:0:1771:1272_1920x0_80_0_0_28d5f61e7b6e49035dfc26cb77f9b338.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
саад ҷангҷӯён дииш* афғонистон тоҷикистон
саад ҷангҷӯён дииш* афғонистон тоҷикистон
СААД аз ҷобаҷоии ҷангҷӯёни ДИИШ* дар шимоли Афғонистон хабар дод
18:31 15.09.2022 (Навсозишуда: 20:12 15.09.2022) Гурӯҳи террористии ДИИШ афроди зиёдеро бо мақсади анҷоми ҳамалоти террористӣ ба шимоли Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳад аст, интиқол додааст
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ мегӯяд, ки ҷангҷӯёнии террористи ДИИШ* барои ҳамалоти террористӣ ба шимоли Афғонистон интиқол дода шудаанд.
Дар ин бора Анатолий Сидеров, раиси ситоди муштараки СПАД дар як нишасти хабарӣ эълом кард.
Ба гуфтаи ӯ, дар Афғонистон гурӯҳҳои террористии байнулмилалӣ фаъол шудаанд ва беш аз 400 сарбози ДИИШ* ба шимоли ин кишвар интиқол дода шудаанд.
"Дар ин кишвар гурӯҳҳои зиёди террористӣ, аз ҷумла афроди ихроҷшуда аз кишварҳои муштаракулманофеъ фаъоланд. Ҳудуди 400 ҷангҷӯи ДИИШ* ба шимоли Афғонистон (Бодғис, Ҷузҷон, Кундуз, Бадахшон ва Тахор) интиқол дода шуданд", - гуфт Сидоров.
Вай бо зикри он, ки дар соли 2022 ҳудуди 250 нафар қурбони ҳамлаи террористон шудаанд, гуфт: "Фаъолияти ин гурӯҳҳо дар Афғонистон идома дорад."
Дар ҳамин ҳол, ӯ афзуд, ки ҳадафи аслии ин ҳамлаҳо мақомоти баландпояи толибон будаанд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамалоти ин гуруҳ то кунун дар қисматҳои марказии Афғонистон бештар дар масоҷид сурат мегирифт.
Дар оғози қудрати толибон онҳо бештар маконҳо ҳазоранишинро ҳадаф қарор дода буданд.
Ахиран дар масҷиди шаҳри Ҳирот низ бо дасти ин гуруҳ таркиши мудҳише сар зад, ки дар пайи он Муҷибурраҳмон Ансорӣ, руҳонии саршинос, ки бо изҳоротҳои тундаш машҳур аст, ҳалок шуд.
Ҳамчунин ин гуруҳ масъулияти таркиш дар назди консулгарии Русия дар Кобулро ба душ гирифта буд, ки дар пайи он ду дипломат ҳалок шуд.
*-созмони террористӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон ва Русия мамнуъ аст.