https://sputnik.tj/20211018/rusiya-ravobitashro-bo-nato-qat-kard-oghozi-buhron-1042947791.html
Русия равобиташро бо НАТО қатъ кард: оғози буҳрон
Русия равобиташро бо НАТО қатъ кард: оғози буҳрон
Sputnik Тоҷикистон
Даври нави баҳсҳои байни Русия ва НАТО боиси бадтар шудани муносибот шуд
2021-10-18T17:14+0500
2021-10-18T17:14+0500
2021-10-18T20:40+0500
сиёсат
нато
аврупо
сергей лавров
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102846/14/1028461446_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_e75f43af1f99555ab77b0dfbd18fa90c.jpg
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ки кишвараш аз 1 ноябр кори намояндагии худ дар ин паймонро қатъ мекунад. Русия инчунин дафтари иттилоотии ин созмон дар Маскавро мебандад. Илова бар ин кори намояндагии низомии он дар Маскав таътил мешавад. Вазири умури хориҷии Русия қайд кард, ки барои тамос бо Русия акнун намояндагони паймони аврупоӣ бояд бо сафири Русия дар Белгия тамос гиранд.Ин чораҳо ҳамчун посух ба амали созмони мазкур алайҳи кормандони намояндагии доимии Русия гирифта шуданд. Ёдовар мешавем, ки дар авоили моҳи октябр маълум шуд, ки НАТО тасмим гирифтааст, ҳашт узви Русияро дар паймон барои фаъолияти душманона ихроҷ кунад ва шумораи онҳоро то даҳ нафар кам кунад. Муносибатҳои байни Русия ва ин ташкилоти низомӣ пас аз фурӯпошии ИҶШС дар декабри соли 1991 барқарор шуданд. Русия бо Шӯрои Ҳамкории Атлантикаи Шимолӣ ҳамкориро шуруъ кард. Аз соли 1994 инҷониб Федератсияи Русия дар машқҳои муштарак бо он иштирок мекунад.Васеъ шудани доираи нуфузи НАТО ва инчунин дубора ҷойгир кардани нирӯҳои эътилоф ба марзҳои Русия боиси интиқоди шадид аз ҷониби мақомоти Русия шуд. Мушкилоти равобити Русия ва он дар аввали соли 2008 боиси шуд, ки дар ташкилоти ҳарбии мазкур муроҷиатҳои Украина ва Гурҷистон барои пайвастан ба Нақшаи амалҳо оид ба омодагӣ ба узвият дар ин паймонро ба баррасӣ бигирад. Ҳоло муносибатҳои Русия ва НАТО дар буҳрони тӯлонӣ қарор доранд.
https://sputnik.tj/20210901/lavrov-maqsad-maskav-neruho-nato-afghoniston-1042000831.html
https://sputnik.tj/20210825/nato-hudro-gur-mekunad-1041887999.html
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102846/14/1028461446_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_ab0d51da0dca2e1cb3d22ab7a5c6ce1a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия равобит нато қатъ
Русия равобиташро бо НАТО қатъ кард: оғози буҳрон
17:14 18.10.2021 (Навсозишуда: 20:40 18.10.2021) Даври нави баҳсҳои байни Русия ва НАТО боиси бадтар шудани муносибот шуд
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ки кишвараш аз 1 ноябр кори намояндагии худ дар ин паймонро қатъ мекунад.
Русия инчунин дафтари иттилоотии ин созмон дар Маскавро мебандад. Илова бар ин кори намояндагии низомии он дар Маскав таътил мешавад.
Вазири умури хориҷии Русия қайд кард, ки барои тамос бо Русия акнун намояндагони паймони аврупоӣ бояд бо сафири Русия дар Белгия тамос гиранд.
Ин чораҳо ҳамчун посух ба амали созмони мазкур алайҳи кормандони намояндагии доимии Русия гирифта шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар авоили моҳи октябр маълум шуд, ки НАТО тасмим гирифтааст, ҳашт узви Русияро дар паймон барои фаъолияти душманона ихроҷ кунад ва шумораи онҳоро то даҳ нафар кам кунад.
Муносибатҳои байни Русия ва ин ташкилоти низомӣ пас аз фурӯпошии ИҶШС дар декабри соли 1991 барқарор шуданд. Русия бо Шӯрои Ҳамкории Атлантикаи Шимолӣ ҳамкориро шуруъ кард. Аз соли 1994 инҷониб Федератсияи Русия дар машқҳои муштарак бо он иштирок мекунад.
Васеъ шудани доираи нуфузи НАТО ва инчунин дубора ҷойгир кардани нирӯҳои эътилоф ба марзҳои Русия боиси интиқоди шадид аз ҷониби мақомоти Русия шуд.
Мушкилоти равобити Русия ва он дар аввали соли 2008 боиси шуд, ки дар ташкилоти ҳарбии мазкур муроҷиатҳои Украина ва Гурҷистон барои пайвастан ба Нақшаи амалҳо оид ба омодагӣ ба узвият дар ин паймонро ба баррасӣ бигирад. Ҳоло муносибатҳои Русия ва НАТО дар буҳрони тӯлонӣ қарор доранд.