https://sputnik.tj/20221006/ilon-mask-ukraina-mekhohad-rusiya-1051934161.html
Илон Маск: қисме аз Украина мехоҳад бо Русия бошад
Илон Маск: қисме аз Украина мехоҳад бо Русия бошад
Sputnik Тоҷикистон
Соҳибкори маъруфи амрикоӣ дар бораи низоъ миёни Русия ва Украина сухан гуфт. Вай шартеро гуфт, ки дар ҳоли риояи он зиддиятхо аз байн мераванд
2022-10-06T12:19+0500
2022-10-06T12:19+0500
2023-02-08T19:45+0500
илон маск
украина
сиёсат
тоҷир
донбасс
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/05/1046559237_0:105:3041:1816_1920x0_80_0_0_cbf751ee901c4c74c5b747748ec89dcc.jpg
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Дар шарқи Украина асосан русҳо зиндагӣ мекунанд, ки мехоҳанд бо Русия бошанд. Дар ин бора тоҷири амрикоӣ Илон Маск дар шабакаи иҷтимоии Twitter навишт. Соҳибкор ба сенатор Линдси Грэм, ки нақшаи ҳалли мусолиматомези низоъро интиқод кард, чунин изҳори назар кардааст. Ба гуфтаи Маск, дар ҳама гуна минтақаи зиддиятҳо, шумо бояд иродаи мардуми дар он бударо дастгирӣ кунед.Қаблан ин соҳибкор нақшаи дастёбӣ ба сулҳ дар Украинаро шарҳ дода буд. Вай гуфт, ки муноқиша замоне хотима хоҳад ёфт, ки раъйпурсии такрорӣ дар минтақаҳои нави Русия таҳти назорати СММ баргузор шавад. Дар айни замон, Украина метавонад ба як кишвари бетараф табдил ёбад, қайд кард Маск.Вай ҳамчунин афзуд, ки агар Федератсияи Русия азар сафарбарсозиро роҳандозӣ кунад, "ба пирӯзии Украина бовар надошта бошед".Маск дар саҳифаи Twitter-и худ раъйпурсӣ баргузор кард, ки дар ҷараёни он пурсид, ки оё хоҳиши сокинони Қрим ва Донбасс барои бахше аз Русия ё Украина будан бояд ба назар гирифта шавад. Дар назарсанҷӣ беш аз 2 миллион корбар ширкат карданд ва посухи аксари онҳо мусбат буд.
https://sputnik.tj/20221004/istiqbol-kreml-mask-kiev-maskav-1051875909.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/05/1046559237_90:0:2821:2048_1920x0_80_0_0_04ae0e1ade8055bb8382fa0bbf4db142.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
илон маск украина русия
Илон Маск: қисме аз Украина мехоҳад бо Русия бошад
12:19 06.10.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Соҳибкори маъруфи амрикоӣ дар бораи низоъ миёни Русия ва Украина сухан гуфт. Вай шартеро гуфт, ки дар ҳоли риояи он зиддиятхо аз байн мераванд
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Дар шарқи Украина асосан русҳо зиндагӣ мекунанд, ки мехоҳанд бо Русия бошанд. Дар ин бора тоҷири амрикоӣ Илон Маск дар шабакаи иҷтимоии Twitter навишт.
Соҳибкор ба сенатор Линдси Грэм, ки нақшаи ҳалли мусолиматомези низоъро интиқод кард, чунин изҳори назар кардааст.
Ба гуфтаи Маск, дар ҳама гуна минтақаи зиддиятҳо, шумо бояд иродаи мардуми дар он бударо дастгирӣ кунед.
"Аксари Украина бешубҳа мехоҳад ҷузъи Украина бошад, аммо дар бархе аз манотиқи шарқӣ аксарияти аҳолӣ русҳо ҳастанд ва онҳо Русияро афзал медонанд", - афзуд соҳибкор.
Қаблан ин соҳибкор нақшаи дастёбӣ ба сулҳ дар Украинаро шарҳ дода буд. Вай гуфт, ки муноқиша замоне хотима хоҳад ёфт, ки раъйпурсии такрорӣ дар минтақаҳои нави Русия таҳти назорати СММ баргузор шавад.
Дар айни замон, Украина метавонад ба як кишвари бетараф табдил ёбад, қайд кард Маск.
Вай ҳамчунин афзуд, ки агар Федератсияи Русия азар сафарбарсозиро роҳандозӣ кунад, "ба пирӯзии Украина бовар надошта бошед".
Маск дар саҳифаи Twitter-и худ раъйпурсӣ баргузор кард, ки дар ҷараёни он пурсид, ки оё хоҳиши сокинони Қрим ва Донбасс барои бахше аз Русия ё Украина будан бояд ба назар гирифта шавад.
Дар назарсанҷӣ беш аз 2 миллион корбар ширкат карданд ва посухи аксари онҳо мусбат буд.