https://sputnik.tj/20221005/tojikiston-khostori-iftitohi-filialhoi-donishgohho-rusiya-1051921585.html
Тоҷикистон хостори ифтитоҳи филиалҳои нави донишгоҳҳои Русияро шуд
Тоҷикистон хостори ифтитоҳи филиалҳои нави донишгоҳҳои Русияро шуд
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон дар Русия дар дидор бо Вазири илм ва таҳсилоти олии Русия ифтитоҳи филиалҳои нави донишгоҳҳо ва афзоиши теъдоди бурсияҳоро баррасӣ кард
2022-10-05T21:00+0500
2022-10-05T21:00+0500
2023-02-08T19:45+0500
дар тоҷикистон
донишгоҳ
ифтитоҳ
филиал
ҳамкорӣ
сафир
давлатшоҳ гулмаҳмадзода
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/05/1051920907_0:0:960:540_1920x0_80_0_0_337201ef2d578d14e64969989eadd516.jpg
ДУШАНБЕ, 5 окт – Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар идор бо Вазири илм ва таҳсилоти олии ин кишвар Валерий Фалков масъалаи дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои маорифу илмро баррасӣ кард, иттилоъ додааст сафорати Тоҷикистон дар Русия.Тибқи иттилои манбаъ, дар ин мулоқот сафири Тоҷикистон аз рушди пайвастаи робитаҳои башардӯстона, аз ҷумла дар бахши маориф ва илм, ки дар муносибатҳои Тоҷикистону Русия ҷойгоҳи махсусро ишғол мекунад, қайд карданд.Ҳамзамон тибқи иттилои манбаъ, ҷонибҳо рафти иҷрои тавофуқоти дар сатҳи президентҳои ду кишвар ҳосилшударо дар самти ҳамкориҳои башардӯстона, аз ҷумла ифтитоҳи филиалҳои нави донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон ба манзури омода кардани мутахассисони касбиро баррасӣ карданд.Инчунин тарафҳо афзоиши теъдоди бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд.Масъулини сафорат хабар доданд, ки мусоҳибон ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳим ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои маорифу илм, бахусус табодули донишҷӯён, омодасозии муштараки кадрҳои баландихтисоси илмию педагогӣ, инчунин эътирофи мутақобилаи унвону дараҷаҳои илмиро матраҳ намуданд.
https://sputnik.tj/20221002/saforati-rusiya-tojikiston-muhojiron-1051820134.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/05/1051920907_93:0:813:540_1920x0_80_0_0_69f3917de04d102b52af2017ceda487e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, ифтитоҳ, хостор, донишгоҳ, филиал, ҳамкорӣ, илм, маориф, сафир, давлатшоҳ гулмаҳмадзода
тоҷикистон, русия, ифтитоҳ, хостор, донишгоҳ, филиал, ҳамкорӣ, илм, маориф, сафир, давлатшоҳ гулмаҳмадзода
Тоҷикистон хостори ифтитоҳи филиалҳои нави донишгоҳҳои Русияро шуд
21:00 05.10.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Сафири Тоҷикистон дар Русия дар дидор бо Вазири илм ва таҳсилоти олии Русия ифтитоҳи филиалҳои нави донишгоҳҳо ва афзоиши теъдоди бурсияҳоро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 5 окт – Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар идор бо Вазири илм ва таҳсилоти олии ин кишвар Валерий Фалков масъалаи дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои маорифу илмро баррасӣ кард, иттилоъ додааст сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин мулоқот сафири Тоҷикистон аз рушди пайвастаи робитаҳои башардӯстона, аз ҷумла дар бахши маориф ва илм, ки дар муносибатҳои Тоҷикистону Русия ҷойгоҳи махсусро ишғол мекунад, қайд карданд.
Ҳамзамон тибқи иттилои манбаъ, ҷонибҳо рафти иҷрои тавофуқоти дар сатҳи президентҳои ду кишвар ҳосилшударо дар самти ҳамкориҳои башардӯстона, аз ҷумла ифтитоҳи филиалҳои нави донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон ба манзури омода кардани мутахассисони касбиро баррасӣ карданд.
Инчунин тарафҳо афзоиши теъдоди бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Масъулини сафорат хабар доданд, ки мусоҳибон ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳим ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои маорифу илм, бахусус табодули донишҷӯён, омодасозии муштараки кадрҳои баландихтисоси илмию педагогӣ, инчунин эътирофи мутақобилаи унвону дараҷаҳои илмиро матраҳ намуданд.