https://sputnik.tj/20221002/saforati-rusiya-tojikiston-muhojiron-1051820134.html
Сафорати Русия дар Тоҷикистон сафарбарсозии муҳоҷирон ба артишро рад кард
Сафорати Русия дар Тоҷикистон сафарбарсозии муҳоҷирон ба артишро рад кард
Sputnik Тоҷикистон
Сафорати Русия дар Тоҷикистон асноди паҳншуда дар бораи гӯиё даъвати шаҳрвандони хориҷиро ба артиш дар доираи басичи нисбӣ сохта хонд
2022-10-02T17:30+0500
2022-10-02T17:30+0500
2024-02-07T14:31+0500
дар русия
сафорати русия дар тоҷикистон
муроҷиат
муҳоҷират
артиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0a/1061224477_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_ee873fcb955a0038bb6e39ad85af377c.jpg
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Аз тоҷикистониён даъват карда шудааст, ки ба асноди қалбакӣ дар атрофи сафарбаркунии хориҷиён ба артиш бовар накунанд. Сафорати Русия дар Тоҷикистон бо нашри муроҷиатнома дар "Telegram"-и расмӣ зикр намуд, ки дар интернет маводе паҳн мешаванд, ки гӯё ин басичи нисбӣ ба муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ низ дахл дорад.Аммо ин иттилоъ ба воқеият рабте надорад ва ба хотири тира сохтани равобити Маскав бо кишварҳои дигар роҳандозӣ гардидаст, таъкид намуд манбаъ. Ёдовар мешавем, ки Русия аллакай қонунеро қабул кардааст, ки бар асоси он ба хориҷиёне, ки барои хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ФР ба муҳлати на камтар аз як сол шартнома мебанданд, шаҳрвандӣ бо тартиби соддашуда ироа мегардад. Дар ин сурат муҳоҷирон метавонанд бидуни пешниҳоди санади иҷозаи иқомат ва бидуни ҳузури бетанаффуси 5-сола дар қаламрави Русия барои дарёфти шаҳрвандӣ муроҷиат кунанд.Қаблан Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав гуфт, ҳукумати шаҳр дар маркази бисёрманзураи бахши муҳоҷиратии Сахарово инфрасохтори муносиберо барои қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба хидмати низомӣ фароҳам хоҳад кард.Маврид ба зикр аст, ки феълан дар Русия барои гирифтани шаҳрвандӣ низоми соддакардашуда барои шаҳрвандони Украина, Молдова ва Қазоқистон амал мекунад. Аз нимаи моҳи июли соли 2021 шаҳрвандони кишварҳои зикршуда ҳақ доранд, ки бидуни квота иҷозаи иқомат гиранду сипас шаҳрвандии ФР-ро соҳиб шаванд.
https://sputnik.tj/20220925/peshnihod-bolo-burdan-sinni-davat-rusiya-1051662703.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0a/1061224477_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_f12d3f902fd6eb95823670a8de449c00.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сафорат, тоҷикистон, русия, басич
сафорат, тоҷикистон, русия, басич
Сафорати Русия дар Тоҷикистон сафарбарсозии муҳоҷирон ба артишро рад кард
17:30 02.10.2022 (Навсозишуда: 14:31 07.02.2024) Сафорати Русия дар Тоҷикистон асноди паҳншуда дар бораи гӯиё даъвати шаҳрвандони хориҷиро ба артиш дар доираи басичи нисбӣ сохта хонд
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Аз тоҷикистониён даъват карда шудааст, ки ба асноди қалбакӣ дар атрофи сафарбаркунии хориҷиён ба артиш бовар накунанд.
Сафорати Русия дар Тоҷикистон бо нашри муроҷиатнома дар "Telegram"-и расмӣ зикр намуд, ки дар интернет маводе паҳн мешаванд, ки гӯё ин басичи нисбӣ ба муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ низ дахл дорад.
Аммо ин иттилоъ ба воқеият рабте надорад ва ба хотири тира сохтани равобити Маскав бо кишварҳои дигар роҳандозӣ гардидаст, таъкид намуд манбаъ.
"Мо аз шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия, аз ҷумла тоҷикистониён даъват мекунем, ки ба иғвоҳои мухталиф дода нашаванд ва танҳо ба маълумоти расмӣ такя намоянд", - омадааст дар паём.
Ёдовар мешавем, ки Русия аллакай қонунеро қабул кардааст, ки бар асоси он ба хориҷиёне, ки барои хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ФР ба муҳлати на камтар аз як сол шартнома мебанданд, шаҳрвандӣ бо тартиби соддашуда ироа мегардад.
Дар ин сурат муҳоҷирон метавонанд бидуни пешниҳоди санади иҷозаи иқомат ва бидуни ҳузури бетанаффуси 5-сола дар қаламрави Русия барои дарёфти шаҳрвандӣ муроҷиат кунанд.
Қаблан Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав гуфт, ҳукумати шаҳр дар маркази бисёрманзураи бахши муҳоҷиратии Сахарово инфрасохтори муносиберо барои қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба хидмати низомӣ фароҳам хоҳад кард.
Маврид ба зикр аст, ки феълан дар Русия барои гирифтани шаҳрвандӣ низоми соддакардашуда барои шаҳрвандони Украина, Молдова ва Қазоқистон амал мекунад. Аз нимаи моҳи июли соли 2021 шаҳрвандони кишварҳои зикршуда ҳақ доранд, ки бидуни квота иҷозаи иқомат гиранду сипас шаҳрвандии ФР-ро соҳиб шаванд.