https://sputnik.tj/20221005/sadamai-mudhish-rohi-dushanbe-khujand-chanoq-1051897659.html
Садамаи мудҳиш дар роҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”
Садамаи мудҳиш дар роҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз ҳалокати ду нафар бар асари як садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар роҳи Душанбе-Чаноқ хабар дод
2022-10-05T15:55+0500
2022-10-05T15:55+0500
2022-10-05T15:55+0500
дар тоҷикистон
вкд
садама
роҳ
ҳалокат
садамаи нақлиётӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/15/1045017672_0:145:3073:1873_1920x0_80_0_0_960aa990c3a2ed123aec3b68dc7a5829.jpg
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Бар асари садамаи нақлиётӣ дар роҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, дар ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулов ронанда ва мусофираш ба ҳалокат расидаанд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ВКД Тоҷикистон.Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Камол Қаюмови 37-сола, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Орзуқул Зулфонови 40-сола, сокини шаҳри Душанбе, бархӯрдааст.“Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ва мусофираш Баҳриддин Ҷумъаеви 33 сола, сокини ноҳияи Б. Ғафуров, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, - иттилоъ додааст ВКД Тоҷикистон.Инчунин ВКД афзудааст, ки ронандаи автомашинаи дигари тамғаи “Опел-Астра”, ва мусофири дохили автомашина Баҳодир Қузиеви 38-сола, сокини ноҳияи Деваштич, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.Дар ҳоли ҳозир, ҳодисаи мазкур аз сӯйи кормандони милится таҳқиқ мешавад.
https://sputnik.tj/20220827/padar-pisari-khurdsol-pakhsh-halokati-kudak-sadama-1050982768.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/15/1045017672_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_1fc3a897012bd47aad2b7b1d78a4362a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, садама, мудҳиш, роҳи “душанбе-хуҷанд-чаноқ”, вкд, нақлиёт
тоҷикистон, садама, мудҳиш, роҳи “душанбе-хуҷанд-чаноқ”, вкд, нақлиёт
Садамаи мудҳиш дар роҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз ҳалокати ду нафар бар асари як садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар роҳи Душанбе-Чаноқ хабар дод
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Бар асари садамаи нақлиётӣ дар роҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, дар ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулов ронанда ва мусофираш ба ҳалокат расидаанд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ВКД Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Камол Қаюмови 37-сола, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Орзуқул Зулфонови 40-сола, сокини шаҳри Душанбе, бархӯрдааст.
“Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ва мусофираш Баҳриддин Ҷумъаеви 33 сола, сокини ноҳияи Б. Ғафуров, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, - иттилоъ додааст ВКД Тоҷикистон.
Инчунин ВКД афзудааст, ки ронандаи автомашинаи дигари тамғаи “Опел-Астра”, ва мусофири дохили автомашина Баҳодир Қузиеви 38-сола, сокини ноҳияи Деваштич, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Дар ҳоли ҳозир, ҳодисаи мазкур аз сӯйи кормандони милится таҳқиқ мешавад.