Путин таманниёташро ба Раҳмону тоҷикистониён баён дошт

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмон
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия ҳамтои тоҷикистонияшро бо 70-умин солгарди мавлудаш шодбош гуфта, таманниётро барои ӯ ва мардуми кишвар баён доштаст
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Президенти Русия, Владимир Путин ба ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон сиҳатмандӣ, некуаҳволӣ ва дар фаъолияташ ба нафъи мардуми Тоҷикистон комёбӣ таманно кардаст.
Ин нукта дар паёми шодбошии Путин, ки ба муносибати 70-солагии Раҳмон ирсол шудаст, таъкид гардидаст.
"Ба сифати арбоби давлатии хирадманд ва соҳибтаҷриба, ки дар ростои рушди кишвари худ ва ҳимояи манфиатҳои он корҳои зиёдеро анҷом медиҳад, Шумо миёни ҳамватанонатон аз эҳтироми шоиста бархурдор гардида, дар арсаи ҷаҳонӣ эътибори баланд касб намудаед",- омадааст дар паём.
Официальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2022
Қабули зангҳо: субҳи 70-умин солгарди Раҳмон аз чӣ оғоз шуд?
Путин таъкид намудаст, ки Раҳмон ҳамчун дӯсти ҳақиқии Русия дар кори таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии байни давлатҳоя саҳми бузург мегузорад.

"Робитаҳои нек ва дӯстонаамонро баланд қадр мекунам. Аз идомаи муколамаи созанда ва ҳамкориҳои наздики муштарак оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ хушҳол хоҳам буд", - гуфт президенти Русия.

Ирсоли паём дар ҳолест, ки ахиран Путин ба Эмомалӣ Раҳмон ордени "Барои хидмат ба Ватан" дараҷаи III тақдим кард. Дар соли 2017 низ раисҷумҳури Русия кишвардори Тоҷикистонро бо Ордени Александр Невский сарфароз гардонида буд.
Лентаи хабарҳо
0