https://sputnik.tj/20221005/putin-rahmon-zang-ordenash-1051891235.html
Путин ба Раҳмон занг заду фаҳмонд, ки барои чӣ орденаш дод
Путин ба Раҳмон занг заду фаҳмонд, ки барои чӣ орденаш дод
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия президенти Тоҷикистонро бо зодрӯз ва сарфароз гардониданаш бо ордени ФР “Барои хизматҳои шоён дар назди Ватан” дараҷаи III шодбош гуфт
2022-10-05T13:30+0500
2022-10-05T13:30+0500
2023-02-08T19:45+0500
дар тоҷикистон
суҳбат
телефон
владимир путин
эмомалӣ раҳмон
орден
зодрӯз
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102939/84/1029398493_74:498:2829:2048_1920x0_80_0_0_4d465baaa70fba151f5a5e076ce13e00.jpg
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Роҳбарони Тоҷикистону Русия, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, зимни суҳбат, ки дар 70-умин солгарди зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, Путин аз ду далели фараҳбахш зикр кардаст. Манбаъ афзуд, ки дар оғози суҳбат Владимир Путин бо таманниёти беҳтарин раисҷумҳури Тоҷикистонро бо зодрӯз ва сарфароз гардониданаш бо ордени Федератсияи Русия “Барои хизматҳои шоён дар назди Ватан” дараҷаи III шодбош гуфтааст. Путин тавзеҳ додааст, ки орден барои нақши назарраси Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия, ҳамчунин таъмини субот ва амнияти минтақавӣ дода шудаст. Раҳмон ба Путин изҳори сипос карда, таъкид кардаст, ки ин мукофоти боэътиборро ба мардуми кишвари мансуб медонад."Сарони давлатҳо доираи масъалаҳои робитаҳои байнидавлатии ду кишвар, ҳамчунин дурнамои рушду тавсеаи онҳоро мавриди муҳокима қарор доданд. Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд", - омадааст дар иттилоия. Маврид ба зикр аст, ки дар соли 2017 низ раисҷумҳури Русия кишвардори Тоҷикистонро бо Ордени Александр Невский сарфароз гардонида буд.
https://sputnik.tj/20221005/putin-tamanniyot-rahmon-tojikistoniyon-1051887728.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102939/84/1029398493_296:234:2715:2048_1920x0_80_0_0_196b138f9e5b51ea13f1f1c020b20867.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
занг, путин, раҳмон, зодрӯз
занг, путин, раҳмон, зодрӯз
Путин ба Раҳмон занг заду фаҳмонд, ки барои чӣ орденаш дод
13:30 05.10.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Раисҷумҳури Русия президенти Тоҷикистонро бо зодрӯз ва сарфароз гардониданаш бо ордени ФР “Барои хизматҳои шоён дар назди Ватан” дараҷаи III шодбош гуфт
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Роҳбарони Тоҷикистону Русия, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, зимни суҳбат, ки дар 70-умин солгарди зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, Путин аз ду далели фараҳбахш зикр кардаст.
Манбаъ афзуд, ки дар оғози суҳбат Владимир Путин бо таманниёти беҳтарин раисҷумҳури Тоҷикистонро бо зодрӯз ва сарфароз гардониданаш бо ордени Федератсияи Русия “Барои хизматҳои шоён дар назди Ватан” дараҷаи III шодбош гуфтааст.
Путин тавзеҳ додааст, ки орден барои нақши назарраси Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия, ҳамчунин таъмини субот ва амнияти минтақавӣ дода шудаст.
Раҳмон ба Путин изҳори сипос карда, таъкид кардаст, ки ин мукофоти боэътиборро ба мардуми кишвари мансуб медонад.
"Сарони давлатҳо доираи масъалаҳои робитаҳои байнидавлатии ду кишвар, ҳамчунин дурнамои рушду тавсеаи онҳоро мавриди муҳокима қарор доданд. Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд", - омадааст дар иттилоия.
Маврид ба зикр аст, ки дар соли 2017 низ раисҷумҳури Русия кишвардори Тоҷикистонро бо Ордени Александр Невский сарфароз гардонида буд.