https://sputnik.tj/20221005/putin-qalamrav-nav-rohbaron-muvaqqat-1051890240.html
Имзои қонуни қабули қаламравҳои нав ба Русия ва таъйини роҳбарони муваққат
Имзои қонуни қабули қаламравҳои нав ба Русия ва таъйини роҳбарони муваққат
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия бо имзои қонунҳои конститутсионӣ дар бораи қабули қаламҳои нав, ҳамчунин иҷрокунандаи вазифаи роҳбаронро таъйин намуд
2022-10-05T12:32+0500
2022-10-05T12:32+0500
2022-10-05T15:30+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
владимир путин
донбасс
херсон
пайвастшавӣ
қонун
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/1e/1051792344_0:355:3009:2048_1920x0_80_0_0_d7cd29ca122c82565244656fe3b1ea71.jpg
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Президенти Русия қонунҳои конститутсионии федералӣ дар бораи қабули қаламравҳои нав ба Русия ва таъсиси субъектҳои ҷадиди федератсияро имзо кард. Бар асоси ин аснод, ки дар пойгоҳи иттилооти ҳуқуқӣ нашр гардидаанд, ҷумҳуриҳои халқии Донетску Луганск ва вилоёти Херсону Запороже расман ба Русия пайвастанд. Дар баробари ин бо қарори раисҷумҳури Русия Леонид Пасечник иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳурии Луганск, Денис Пушилин – вилояти Донетск, Евгений Балитский – иҷрокунандаи вазифаи волии Запороже, Владимир Салдо иҷрокунандаи вазифаи волии Херсон таъйин шуданд. Ҳамаи онҳо то оғози савгандёдкунии раиси интихобшуда муваққатан дар минтақаҳо роҳбарӣ мекунанд.Бар асоси асноди тасвибшуда, субъектҳои нав номашонро зимни пайвастшавӣ ба Русия ҳифз карда, созишномаҳо аз рӯзи имзояш мавриди амал қарор мегирад. Дар ҳамаи 4 субъекти нав то 1 январи соли 2026 марҳилаи гузариш ҷараён хоҳад дошт.Воҳиди пулӣ рубл муқаррар шуда, то охири соли равон гардиши гривнаи украинӣ низ иҷозат дода мешавад.Забони русӣ дар ин қаламравҳо давлатӣ эълон шуда, таъкид гардидаст, ки барои омӯзиши забонҳои дигари модарӣ тамоми шароит фароҳам мешавад.Маврид ба зикр аст, ки президенти Русия, Владимир Путин зимни имзои ин созишномаҳо дар Кремл гуфт, барои ин иқдом миллионҳо нафар овози худро доданд ва ин ҳаққи онҳост, чун ҳаққи баробарию соҳибихтиёрии халқҳо дар Оинномаи СММ сабт гардидаст.Раъйпурсӣ дар ҶХД, ҶХЛ ва минтақаҳои Херсону Запороже аз 23 то 27 сентябр баргузор шуда, сокинон ба ҷонибдорӣ аз пайвастшавӣ ба Русия овоз доданд.
https://sputnik.tj/20221004/muftii-lugansk-donbass-bino-bar-tajovuzi-ukraina-digar-ba-hayati-in-kishvar-barnamegardad-1051864261.html
херсон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/1e/1051792344_278:0:3009:2048_1920x0_80_0_0_8c6604c6c9d36329c54b4ba375cc0714.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
президент, қонун, қаламрав, қабул, имзо
президент, қонун, қаламрав, қабул, имзо
Имзои қонуни қабули қаламравҳои нав ба Русия ва таъйини роҳбарони муваққат
12:32 05.10.2022 (Навсозишуда: 15:30 05.10.2022) Раисҷумҳури Русия бо имзои қонунҳои конститутсионӣ дар бораи қабули қаламравҳои нав ҳамчунин иҷрокунандаҳои вазифаҳои роҳбари онҳоро таъйин намуд
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Президенти Русия қонунҳои конститутсионии федералӣ дар бораи қабули қаламравҳои нав ба Русия ва таъсиси субъектҳои ҷадиди федератсияро имзо кард.
Бар асоси ин аснод, ки дар пойгоҳи иттилооти ҳуқуқӣ нашр гардидаанд, ҷумҳуриҳои халқии Донетску Луганск ва вилоёти Херсону Запороже расман ба Русия пайвастанд.
Дар баробари ин бо қарори раисҷумҳури Русия Леонид Пасечник иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳурии Луганск, Денис Пушилин – вилояти Донетск, Евгений Балитский – иҷрокунандаи вазифаи волии Запороже, Владимир Салдо иҷрокунандаи вазифаи волии Херсон таъйин шуданд.
Ҳамаи онҳо то оғози савгандёдкунии раиси интихобшуда муваққатан дар минтақаҳо роҳбарӣ мекунанд.
Бар асоси асноди тасвибшуда, субъектҳои нав номашонро зимни пайвастшавӣ ба Русия ҳифз карда, созишномаҳо аз рӯзи имзояш мавриди амал қарор мегирад. Дар ҳамаи 4 субъекти нав то 1 январи соли 2026 марҳилаи гузариш ҷараён хоҳад дошт.
Воҳиди пулӣ рубл муқаррар шуда, то охири соли равон гардиши гривнаи украинӣ низ иҷозат дода мешавад.
Забони русӣ дар ин қаламравҳо давлатӣ эълон шуда, таъкид гардидаст, ки барои омӯзиши забонҳои дигари модарӣ тамоми шароит фароҳам мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки президенти Русия, Владимир Путин зимни имзои ин созишномаҳо дар Кремл гуфт, барои ин иқдом миллионҳо нафар овози худро доданд ва ин ҳаққи онҳост, чун ҳаққи баробарию соҳибихтиёрии халқҳо дар Оинномаи СММ сабт гардидаст.
Раъйпурсӣ дар ҶХД, ҶХЛ ва минтақаҳои Херсону Запороже аз 23 то 27 сентябр баргузор шуда, сокинон ба ҷонибдорӣ аз пайвастшавӣ ба Русия овоз доданд.