Муфтии Луганск: Донбасс бино бар таҷовузи Украина дигар ба ҳайати ин кишвар барнамегардад

© Sputnik / Ilia Pitalev / Гузариш ба медиабонкВоеннослужащий ДНР у контрольно-пропускного пункта "Успенка" в Донецкой области
Военнослужащий ДНР у контрольно-пропускного пункта Успенка в Донецкой области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2022
Обуна шудан
Муфитии Ҷумҳурии мардумии Луганск мегӯяд, ки бино бар таҷовузи Украина ҶМЛ ва ҶМД дигар ҳеҷ гоҳ ба ҳайати ин кишвар барнамегарданд
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Сиёсати таҷовузкорона ва низомисозии Украина нисбат ба ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск, инчунин вилоятҳои Запорожие ва Херсон ба Киев ҳатто як заррае имкон намедиҳад ин минтақаҳо ба ҳайати Украина баргарданд, гуфт ба РИА Новости раиси Идораи мусулмонон ҶМЛ Элдар Ғамбаров.
"Баъд аз шилики тӯпхонаӣ тӯлонӣ ва таҷовузи пайвастаи Украина алайҳи вилоятҳои ҶМД, ҶМЛ, Запорожие ва Херсон, дар бораи бозгашти онҳо ба ҳайати Украина дигар сухане намервад. Ин давлат, ки гӯиё сулҳ мехоҳад, воқеан мардуми осоиштаи моро бомбаборону нобуд мекунад. Киев ҳатто дар ин бора ба мо дар бораи ояндаи неки муштарак ишора накунад”, гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай, ҶМЛ ояндаи худро танҳо бо Русия мебинад.
Президент РФ Владимир Путин выступает на церемонии подписания договоров о вхождении в Российскую Федерацию - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2022
Путин санади пайвастани Донетск, Луганск, Херсон ва Запарожиеро имзо кард
"Идораи мусалмонони ҶМЛ таҳти роҳбарии Анҷумани мусулмонони Русия мебошад, ки онро Албир Крганов сарварӣ мекунад. Мо аллакай як қатор чорабиниҳои бузурги муштаракро баргузор кардем. Мо дар ҳама масъалаҳо ҳамкориҳои комил ва ҳамдигарфаҳмӣ дорем”, - гуфт Ғамбаров.
Маврид ба зикр аст, ки раъйпурсӣ дар ҶХД, ҶХЛ ва минтақаҳои Херсону Запороже аз 23 то 27 сентябр баргузор шуда, беш 87%-и сокинони вилояти Херсон ба тарафдории пайвастан ба Русия овоз доданд. Аз вуруди вилояти Запороже ба Русия зиёда аз 93%-и интихобкунандагон ҷонибдорӣ карданд.
Дар Маркази интихоботии ҶМЛ гуфтанд, ки зиёда аз 98% ба тарафдории ҳамроҳшавии ҷумҳурӣ ба Русия овоз доданд. Дохилшавии ҶМД ба Русияро беш аз 99%-и аҳолӣ дастгирӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0