Лукашенко дар Душанбе чиро баррасӣ хоҳад кард

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкПрезидент Белоруссии Александр Лукашенко
Президент Белоруссии Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2022
Обуна шудан
Бархе аз тафсилоти барномаи сафари расмии раисҷумҳури Белорус ба Тоҷикистон баён шуд, ки интизор меравад, таконе дар муносиботи ду кишвар гардад
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Белорус, Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Сафари қарибулвуқӯи Лукашенко ба Душанбе аз ҷумлаи масоили баррасишудаи ҷонибҳо арзёбӣ шудаст.
Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, нахуст Лукашенко Эмомалӣ Раҳмонро бо 70-солагияш шодбош гуфтаст.
Аз ҷумла Александр Лукашенко саҳми бузурги президенти Тоҷикистонро дар истиқрори сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар кишвар, таъмини рушди устувор ва таҳкими мақому эътибори он дар арсаи байналмилалиро таъкид кардаст.
"Сарони давлатҳо зимни таъкиди аҳаммияти идомаи муколамаи байнидавлатии Тоҷикистону Беларус барои пешбурди минбаъдаи тамоми маҷмӯи робитаҳои ду кишвар дар доираи шарикии стратегӣ, ҷадвали мулоқотҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи дарпешистодаро дар сатҳи олӣ муҳокима намуданд", - омадааст дар иттилоия.
 Президент Беларуси Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2022
Лукашенко гуфт, Белорус кай узви СҲШ мешавад
Дар зимн аз омодагиҳо ба сафари расмии президенти Белорус ба Тоҷикистон суҳбат сурат гирифтааст.
Дафтари матбуоти президенти Белорус мегӯяд, ин сафар ояндаи наздик анҷом дода мешавад, аммо санаи мушаххасро наовардааст.
Таъкид шудаст, ки дар доираи боздид муфассал муносиботи дуҷониба, рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷорӣ баррасӣ хоҳанд шуд.
Баррасии масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ аз бандҳои дигари барномаи сафари расмии президенти Белорус дар Тоҷикистон арзёбӣ шуданд.
Қаблан мақомоти умури хориҷии ду кишвар изҳор доштанд, ки феълан омодагиҳо барои баргузории ин сафар идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0