https://sputnik.tj/20221005/imzoi-sanadi-hamkori-farhang-tojikistoun-eron-1051895273.html
Имзои санади ҳамкорӣ дар бахши фарҳангӣ миёни Тоҷикистоун Эрон
Имзои санади ҳамкорӣ дар бахши фарҳангӣ миёни Тоҷикистоун Эрон
Sputnik Тоҷикистон
Маросими имзои тафоҳумномаи фарҳангӣ ахиран бо ҳузури вазири фарҳанг ва иршоди Эрон ва вазири фарҳанги Тоҷикистон дар Толори Ваҳдати Теҳрон баргузор шуд
2022-10-05T14:45+0500
2022-10-05T14:45+0500
2022-10-05T14:45+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
созишнома
ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ
имзо
фарҳанг
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102405/94/1024059479_0:115:3001:1803_1920x0_80_0_0_5d4a0ec9a587c10ea68a6a9004bd7a73.jpg
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва ҳамтои эрониаш Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ зери тафоҳумномаҳои ҳамкорӣ имзо гузоштанд, иттилоъ додааст хабаргузории Садои Хуросон.Тибқи иттилои манбаъ баъд имзои созишнома вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон гуфт, моҳи оянда руйдоди ҳафтаи фарҳангии Эронро дар Тоҷикистон бо матлубтарин ва мутанавеътарин кайфият баргузор хоҳем кард.“Эрон ва Тоҷикистон монанди як руҳ дар ду ҷисм ҳастанд ман ончунон қаробати дар ҳамин дидор бо масъулини фарҳангии Тоҷикистон эҳсос кардам, ки воқеъан ҳеҷгуна ҳиси аз ғариби дар он набуд ва интавр бо ҳамватанонамон суҳбат мекунем”, - гуфт вазири эронӣ.Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ дар дидор бо вазири фарҳанги Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки ҳеҷ монеъи барои густариши фаъолиятҳои фарҳангӣ миёни ду кишвар вуҷуд надорад, Эрон ва Тоҷикистон таърих, фарҳанг ва маданияти муштарак доранд.Вазири фарҳанги Эрон ҳамчунин Эрон ва Тоҷикистон ду кишвари бузурги ҳамроҳ бо таърих, фарҳанг ва маданяти муштарак ҳастанд, эрониён ва тоҷикон ҳамдигарро мисли як миллати воҳид ба шумор меоваранд чаро, ки дорои таърихи муштарак ҳастанд ва нисбат ба ҳам отифа доранд муҳимтар аз ҳама ин мавориди иштироки забони аст, забони форсӣ ва ба хусус адабиёти муштарак ду миллатро ба ҳам пайванд зада аст.Дар навбати худ, Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон гуфт, фарҳанг ва маданяти баландовозаи Эрон дар ҷаҳон машҳур аст аз руасоиҷумҳури ду кившари Эрон ва Тоҷикистон ташакур мекунам, ки тавонистанд бо равобити ду кишварро ба сатҳи оли бирасонанд.“Қарордодҳои ҳамкории фарҳангиро дар назар дорем, ки дар марҳалаи иҷроӣ қарор гирифтанд, ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон низ дар Эрон дар ҳоли баргузори аст ва ҳунармандони тоҷикистонӣ дар шаҳрҳои Теҳрон, Шероз ва Табрез ҳузур доранд”, - гуфт Зулфия Давлатзода.Вай ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки равобити Тоҷикистон ва Эрон беш аз пеш беҳтар мешавад.Вазири фарҳанги Тоҷикистон ҷониби Эронро ба Тоҷикистон даъват кард.Пас аз суханронии вазири фарҳанги Эрон ва Тоҷикистон ду мақоми олирутбаи фарҳангӣ дар бахши баъдии ин руйдод туҳфаҳои ҳунарии хофири кишварҳои худро ба якдигар тақдим карданд.Зулфия Давлатзода, вазири фарҳаги Тоҷикистон дар рӯзҳои оянда низ бо ҳайати ҳамроҳ ва гуруҳҳои ҳунарии дар Теҳрон ва чанд шаҳри дигар ҳузур хоҳанд ёфт.
https://sputnik.tj/20221004/safari-vaziri-farhang-tehron-ruzhoi-farhang-tojikiston-eron-1051866785.html
https://sputnik.tj/20220909/anjumani-dustii-eron-tojikiston-ruzi-istiqlol-tabrik-1051276432.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102405/94/1024059479_160:0:2829:2002_1920x0_80_0_0_ce009ad0abc0f141a9401ed093dc9db9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, имзо, созишнома, ҳамкорӣ, фарҳангӣ, вазири фарҳанг, теҳрон, рӯзҳои фарҳанг
тоҷикистон, эрон, имзо, созишнома, ҳамкорӣ, фарҳангӣ, вазири фарҳанг, теҳрон, рӯзҳои фарҳанг
Имзои санади ҳамкорӣ дар бахши фарҳангӣ миёни Тоҷикистоун Эрон
Маросими имзои тафоҳумномаи фарҳангӣ ахиран бо ҳузури вазири фарҳанг ва иршоди Эрон ва вазири фарҳанги Тоҷикистон дар Толори Ваҳдати Теҳрон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва ҳамтои эрониаш Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ зери тафоҳумномаҳои ҳамкорӣ имзо гузоштанд, иттилоъ додааст хабаргузории Садои Хуросон.
Тибқи иттилои манбаъ баъд имзои созишнома вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон гуфт, моҳи оянда руйдоди ҳафтаи фарҳангии Эронро дар Тоҷикистон бо матлубтарин ва мутанавеътарин кайфият баргузор хоҳем кард.
“Эрон ва Тоҷикистон монанди як руҳ дар ду ҷисм ҳастанд ман ончунон қаробати дар ҳамин дидор бо масъулини фарҳангии Тоҷикистон эҳсос кардам, ки воқеъан ҳеҷгуна ҳиси аз ғариби дар он набуд ва интавр бо ҳамватанонамон суҳбат мекунем”, - гуфт вазири эронӣ.
Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ дар дидор бо вазири фарҳанги Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки ҳеҷ монеъи барои густариши фаъолиятҳои фарҳангӣ миёни ду кишвар вуҷуд надорад, Эрон ва Тоҷикистон таърих, фарҳанг ва маданияти муштарак доранд.
Вазири фарҳанги Эрон ҳамчунин Эрон ва Тоҷикистон ду кишвари бузурги ҳамроҳ бо таърих, фарҳанг ва маданяти муштарак ҳастанд, эрониён ва тоҷикон ҳамдигарро мисли як миллати воҳид ба шумор меоваранд чаро, ки дорои таърихи муштарак ҳастанд ва нисбат ба ҳам отифа доранд муҳимтар аз ҳама ин мавориди иштироки забони аст, забони форсӣ ва ба хусус адабиёти муштарак ду миллатро ба ҳам пайванд зада аст.
Дар навбати худ, Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон гуфт, фарҳанг ва маданяти баландовозаи Эрон дар ҷаҳон машҳур аст аз руасоиҷумҳури ду кившари Эрон ва Тоҷикистон ташакур мекунам, ки тавонистанд бо равобити ду кишварро ба сатҳи оли бирасонанд.
“Қарордодҳои ҳамкории фарҳангиро дар назар дорем, ки дар марҳалаи иҷроӣ қарор гирифтанд, ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон низ дар Эрон дар ҳоли баргузори аст ва ҳунармандони тоҷикистонӣ дар шаҳрҳои Теҳрон, Шероз ва Табрез ҳузур доранд”, - гуфт Зулфия Давлатзода.
Вай ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки равобити Тоҷикистон ва Эрон беш аз пеш беҳтар мешавад.
Вазири фарҳанги Тоҷикистон ҷониби Эронро ба Тоҷикистон даъват кард.
Пас аз суханронии вазири фарҳанги Эрон ва Тоҷикистон ду мақоми олирутбаи фарҳангӣ дар бахши баъдии ин руйдод туҳфаҳои ҳунарии хофири кишварҳои худро ба якдигар тақдим карданд.
Зулфия Давлатзода, вазири фарҳаги Тоҷикистон дар рӯзҳои оянда низ бо ҳайати ҳамроҳ ва гуруҳҳои ҳунарии дар Теҳрон ва чанд шаҳри дигар ҳузур хоҳанд ёфт.