Баргузории рӯзҳои фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон

© Пресс-служба Министерства труда, миграции и занятости Республики ТаджикистанФлаги
Флаги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2022
Обуна шудан
Вазири фарҳанги Эрон ваъда додааст, ки ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон бо матлубтарин ва мутанавеътарин кайфият баргузор хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 5 окт – Sputnik. Вазири фарҳанги Эрон Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ дар дидор бо вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода дар Теҳрон таъкид кард, ки моҳи оянда яъне моҳи ноябр ҳафтаи фарҳангии Эронро дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд, иттилоъ додааст ИРНА.
“Иншоаллоҳ моҳи оянда руйдоди ҳафтаи фарҳангии Эронро дар Тоҷикистон бо матлубтарин ва мутанавеътарин кайфият баргузор хоҳем кард”, - қайд кардааст Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон.
Вай ҳамчунин илова кард, ки миёни Эрон ва Тоҷикистон ҳеҷ монеъи барои густариши фаъолиятҳои фарҳангӣ вуҷуд надорад, Душанбе ва Теҳрон таърих, фарҳанг ва маданияти муштарак доранд.
Подписание договора, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2022
Имзои санади ҳамкорӣ дар бахши фарҳангӣ миёни Тоҷикистоун Эрон
“Эрон ва Тоҷикистон ду кишвари бузурги ҳамроҳ бо таърих, фарҳанг ва маданяти муштарак ҳастанд, эрониён ва тоҷикон ҳамдигарро мисли як миллати воҳид ба шумор меоваранд чаро, ки дорои таърихи муштарак ҳастанд ва нисбат ба ҳам отифа доранд муҳимтар аз ҳама ин мавориди иштироки забони аст, забони форсӣ ва ба хусус адабиёти муштарак ду миллатро ба ҳам пайванд зада аст”, гуфт оқои Исмоилӣ.
Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳои дар дар шаҳрҳои Теҳрон, Шероз ва Табрези Эрон рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад.
ар чорчуби рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Теҳрон, Шероз ва Табрези Эрон консерт ва намоишгоҳҳо бо ҳузури ҳунармандони тоҷик баргузор хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0