Вакили нав вориди парлумони Тоҷикистон шуд: Ӯ аз ҳизби ҳоким нест

© Sputnik / Владимир ФедоренкоПиджак на кресле
Пиджак на кресле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2022
Обуна шудан
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ваколатҳои вакили нави парлумон аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии ҷумҳуриро тасдиқ кард
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Ализода Зафари Аҳмадҷон вакили нави Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ шуд.
Бар асоси қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, ба Ализода мандати вакилӣ тибқи рӯйхати номзадҳои интихобгардида аз ҲИИТ дода шуд.
Таъкид гардид, ки Ализода дар курсии вакилӣ Файзулло Машраб Қурбоналиро иваз кард, ки ахиран ваколатҳояш пеш аз муҳлат қатъ шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар нимаи моҳи августи соил равон Файзулло Машраб Қурбоналиро ба вазифаи ректори Муассисаи байнидавлатии таҳсилоти олии Донишгоҳи славянии Тоҷикистон - Русия таъйин кард.
Парламент Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2022
Ду вакили тоҷик аз парлумон пеш аз муҳлат хориҷ карда шуданд: чаро?
Ин дар ҳолест, ки ахиран се вакили дигар низ, ки аксаран аз Ҳизби ҳокими халқӣ - демократӣ буданд, вориди парлумон шуданд.
Аз ҷумла Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ки бо гирифтани беш аз 60%-и оро ғолиби интихоботи миёнадаврӣ дар ҳавзаи Фирдавсӣ шуд, ба ҳайси вакили парлумон ба фаъолият шуруъ кард.
Инчунин Шерализода Муҳамадулло Умар, собиқ раиси ноҳияи Варзоб низ ба ҳайси вакили нав аз ҳавзаи Рӯдакӣ савганд ёд кард. Вакили сеюм, ки тоза ба парлумон ворид гардид, Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад мебошад. Ӯ бо гирифтани наздики 55%-и оро вакил аз ҳавзаи Данғара узви Маҷлиси намояндагон шуд.
Лентаи хабарҳо
0