https://sputnik.tj/20221004/shoygu-safarbarshuda-artish-1051871480.html
Шойгу аз сафарбарии 200 ҳазор нафар ба артиш гуфт: Шарҳи шеваи фиристоданашон ба амалиёт
Шойгу аз сафарбарии 200 ҳазор нафар ба артиш гуфт: Шарҳи шеваи фиристоданашон ба амалиёт
Sputnik Тоҷикистон
Низомиёне, ки дар доираи басиҷи нисбӣ ба сафи артиши Русия ҷалб гардидаанд, танҳо ба минтақаҳои амалиёти ҳарбӣ фиристода нахоҳанд шуд
2022-10-04T16:04+0500
2022-10-04T16:04+0500
2022-10-04T16:25+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
амният ва мудофиа
артиш
сергей шойгу
амалиёти вижа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/18/1048672588_0:0:2627:1478_1920x0_80_0_0_4486e2419926381a0ac424ee8c891047.jpg
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Беш аз 200 ҳазор нафар дар доираи сафарбаркунии қисмӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Русия ҷалб шуданд. Дар ин бора вазири дифои Русия Сергей Шойгу зимни ҷаласаи селекторӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, ба масъулини дахлдор супориш дода шуд, ки сафарбаршудагонро бо сару либос ва дигар лавозимот таъмин ва ба вазифаҳои низомӣ таъйин намоянд."Таълими ҳайати шахсии воҳидҳои ҷалбшуда дар 80 тамрингоҳ ва дар 6 маркази таълимӣ сурат мегирад", - афзуд Шойгу.Вай таъкид намуд, хизматчиёни сафарбаршуда танҳо ба минтақаҳои амалиёти махсуси низомӣ фиристода нахоҳанд шуд. Вазири мудофиа тавзеҳ дод, ки ин раванд дар ҳамоҳангӣ ва якҷоя бо воҳидҳои аллакай дар он ҷо иштирокдошта сурат мегирад. Маврид ба зикр аст, ки дар Русия аз 21 сентябри соли равон бо фармони раисҷумҳур, Владимир Путин басиҷи нисбӣ ҷараён дорад. Ба гуфтаи Шойгу дар доираи ин маърака ҷалби 300 ҳазор нафар дар назар аст, ки ҳудуди 1%-и зарфияти нерӯҳои захиравии Русияро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20221003/qodirov-amaliyot-ukraina-taghyir-1051827710.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/18/1048672588_187:0:2416:1672_1920x0_80_0_0_4ccef141c1ba7c350921992ce2d0430b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
артиш, ҷалб, нерӯ, сафарбар, шойгу
артиш, ҷалб, нерӯ, сафарбар, шойгу
Шойгу аз сафарбарии 200 ҳазор нафар ба артиш гуфт: Шарҳи шеваи фиристоданашон ба амалиёт
16:04 04.10.2022 (Навсозишуда: 16:25 04.10.2022) Низомиёне, ки дар доираи басиҷи нисбӣ ба сафи артиши Русия ҷалб гардидаанд, танҳо ба минтақаҳои амалиёти ҳарбӣ фиристода нахоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Беш аз 200 ҳазор нафар дар доираи сафарбаркунии қисмӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Русия ҷалб шуданд.
Дар ин бора вазири дифои Русия Сергей Шойгу зимни ҷаласаи селекторӣ иттилоъ дод.
"Тибқи фармони раисиҷумҳури Русия, аз 21 сентябр дар кишвар сафарбаркунии қисмӣ амалӣ шуда истодааст. Имрӯз беш аз 200 ҳазор нафар ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ворид шудаанд", — гуфт Шойгу.
Ба гуфтаи ӯ, ба масъулини дахлдор супориш дода шуд, ки сафарбаршудагонро бо сару либос ва дигар лавозимот таъмин ва ба вазифаҳои низомӣ таъйин намоянд.
"Таълими ҳайати шахсии воҳидҳои ҷалбшуда дар 80 тамрингоҳ ва дар 6 маркази таълимӣ сурат мегирад", - афзуд Шойгу.
Вай таъкид намуд, хизматчиёни сафарбаршуда танҳо ба минтақаҳои амалиёти махсуси низомӣ фиристода нахоҳанд шуд. Вазири мудофиа тавзеҳ дод, ки ин раванд дар ҳамоҳангӣ ва якҷоя бо воҳидҳои аллакай дар он ҷо иштирокдошта сурат мегирад.
Маврид ба зикр аст, ки дар Русия аз 21 сентябри соли равон бо фармони раисҷумҳур, Владимир Путин басиҷи нисбӣ ҷараён дорад. Ба гуфтаи Шойгу дар доираи ин маърака ҷалби 300 ҳазор нафар дар назар аст, ки ҳудуди 1%-и зарфияти нерӯҳои захиравии Русияро ташкил медиҳад.