Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Қодиров гуфт, раванди амалиёт дар Украина чӣ гуна тағйир хоҳад ёфт

© Sputnik / Кирилл КаллиниковГлава Чеченской Республики Рамзан Кадыров
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2022
Обуна шудан
Cиёсатмадор итминон дод, ки ҳамлаи артиши Русия як дақиқа ҳам қатъ нахоҳад шуд. Ӯ аз тадбирҳое гуфт, ки рафти амалиёти низомиро тағйир хоҳанд дод
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Раиси ҷумҳури Чеченистон, Рамазон Қодиров эълом кард, ки як воҳиди дигари ҷангиёнро ба Украина фиристодааст. Ба қарибӣ он бо сохтори нави ҷангӣ тақвият дода мешавад, изҳор дошт ӯ дар саҳифааш дар "Telegram".
"Ин барои он карда мешавад, ки хатти ҳамлаи мо то ҳадди имкон зич бошад, то ҷангиён якдигарро дар ҳуҷумҳо иваз намоянд", - навиштааст Қодиров.
Ҳамлаи артиши Русия ҳатто як дақиқа қатъ нахоҳад шуд, итминон дод ӯ. Вай афзуд, ки ҷанговарон дар сафи пеш буданро шараф мешуморанд.
Илова бар ин, раҳбари Чеченистон дар бораи вазъи кунунии ҷабҳа сухан гуфт. Ба гуфтаи ӯ, “шайтонҳо ба чанд маҳаллаи аҳолинишин ворид шуданд”. Аммо ин маънои онро надорад, ки онҳо пирӯз мешаванд, афзуд Қодиров.
"Мо ҳамаи ин шахру маҳаллаҳоро озод кардем ва боз онҳоро аз миллатгароҳо озод мекунем", - таъкид кард ӯ дар хотима.
Раздача гуманитарной помощи беженцам из Харьковской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2022
Гурезаҳои Харков кумак гирифтанду аз ваҳшати кори нерӯҳои украинӣ гуфтанд - видео
Маврид ба зикр аст, ки қаблан Рамазон Қодиров гуфта буд, шумори ихтиёриёне, ки дар Донишгоҳи нерӯҳои вижаи Русия дар Чеченистон таълим гирифта, ба минтақаи амалиёти вижаи низомӣ фиристода шудаанд, аз 6 ҳазор нафар гузаштааст.
Вай изҳор дошт, ки "бародарии ҳарбӣ ҳадафи аввалиндараҷаи мо дар ҳама гуна корҳост" ва "Ахматовҳо худиҳоро намепартоянд".
Лентаи хабарҳо
0