https://sputnik.tj/20220923/ruzi-barguzori-ruzhoi-farhangi-tojikiston-eron-1051638653.html
Рӯзи баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Эрон маълум шуд
Рӯзи баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Эрон маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар шаҳрҳои мухталифи Эрон баргузор мешавад. Дар чорчуб рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон барномаҳои консерт ва намоишгоҳҳо баргузор мегардад
2022-09-23T20:30+0500
2022-09-23T20:30+0500
2022-09-23T20:47+0500
дар тоҷикистон
эрон
вазорати фарҳанг
фарҳанг
рӯзҳои фарҳанг
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1b/1045233307_0:106:2019:1242_1920x0_80_0_0_2563ada96fa4f63247486388d444ebc6.jpg
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон эълом кард аз 2 то 9 октябри соли равон дар шаҳрҳои Теҳрон, Шероз ва Табрези Эрон рӯзҳои фарҳангӣ баргузор мешавад.Тибқи иттилои манбаъ, дар чорчуби рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Теҳрон, Шероз ва Табрези Эрон консерт ва намоишгоҳҳо бо ҳузури ҳунармандони тоҷик баргузор хоҳад шуд.Бояд гуфт, ки Тоҷикистону Эрон ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг буда, пайвандҳои таърихию меросии қадимиро доро мебошанд.Равобити иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавии Тоҷикистону Эрон дар солҳои ахир густариш ёфтааст.Ёдовар мешавем, ки қаблан Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар суҳбат бо расонаи эронӣ “khamenei.ir”, таъкид кард, ки дар солҳои авҷи равобит, сақфи таомулоту табодулоти молии Тоҷикистону Эрон дар ҳавзаи иқтисодӣ сесад миллион доллар буд, ки дар солҳои ахир ба камтар аз ҳафтяк коҳиш пайдо карда буд.Вай гуфт, вале равобити иқтисодии ду кишвар дар тӯли муддати ҳашт моҳи ахир чаҳор баробар афзоиш пайдо кардааст.
https://sputnik.tj/20220530/tojikiston-rohyobi-bandar-eron-1048809882.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1b/1045233307_0:0:1795:1346_1920x0_80_0_0_d84e349d4fbfe4c7bf6aeac17d97d269.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, тоҷикистон, рӯзҳои фарҳанг, барномаи консерти, теҳрон, шаҳрҳои мухталиф, намоиш
эрон, тоҷикистон, рӯзҳои фарҳанг, барномаи консерти, теҳрон, шаҳрҳои мухталиф, намоиш
Рӯзи баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Эрон маълум шуд
20:30 23.09.2022 (Навсозишуда: 20:47 23.09.2022) Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар шаҳрҳои мухталифи Эрон баргузор мешавад. Дар чорчуб рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон барномаҳои консерт ва намоишгоҳҳо баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон эълом кард аз 2 то 9 октябри соли равон дар шаҳрҳои Теҳрон, Шероз ва Табрези Эрон рӯзҳои фарҳангӣ баргузор мешавад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар чорчуби рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Теҳрон, Шероз ва Табрези Эрон консерт ва намоишгоҳҳо бо ҳузури ҳунармандони тоҷик баргузор хоҳад шуд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистону Эрон ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг буда, пайвандҳои таърихию меросии қадимиро доро мебошанд.
Равобити иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавии Тоҷикистону Эрон дар солҳои ахир густариш ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар суҳбат бо расонаи эронӣ “khamenei.ir”, таъкид кард, ки дар солҳои авҷи равобит, сақфи таомулоту табодулоти молии Тоҷикистону Эрон дар ҳавзаи иқтисодӣ сесад миллион доллар буд, ки дар солҳои ахир ба камтар аз ҳафтяк коҳиш пайдо карда буд.
Вай гуфт, вале равобити иқтисодии ду кишвар дар тӯли муддати ҳашт моҳи ахир чаҳор баробар афзоиш пайдо кардааст.